Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ШОҲМОТ ШОҲИ БОЗИҲОСТ / 23.07.2018

“Шоҳмот шоҳи бозиҳост” Санаи 19-уми июли соли равон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бозии шоҳмот ва шашкаи русӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нобиноён ва нафарони қувваи босираашон суст  иштирок карданд. Озмун дар ду бахш: шоҳмот байни мардони собиқадор ва шашка байни духтарон, писарон ва занҳо 

“Шоҳмот шоҳи бозиҳост”

баргузор шуд.

Дар бахши шашка байни писарон Атомуллоев Абдулло соҳиби ҷойи аввал, Қаҳҳоров Парвиз ҷойи дуюм ва Ғаффоров Далер соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Байни духтарон Қобилова Зумрад ҷойи аввал, Абдукаримова Шаҳзода ҷойи дуюм ва Шерматова Саида ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Байни занҳо Абдуғаниева Дилфуза ҷойи аввал, Мӯъминова Марҳабо ҷойи дуюм ва Ҳасанова Моҳӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар бахши шоҳмот, ки байни мардони собиқадор баргузор гардид, Алиев Абдуғафур ҷойи аввал, Салимов Акрам ҷойи дуюм ва Мирбобоев Абдулло ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Дар охир ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Баъди ҷамъбасти озмун иштирокдорони чорабинӣ ба толори хизматрасонии махсуси китобхона ташриф оварда, бо маводҳои барояшон зарурӣ ошно гардиданд. Роҳбари Маркази тавонбахшии иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҷалилов дар фарҷоми озмун барои мусоидат ва корҳои ташкилӣ ба маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз мавҷудияти вуоситаҳои техникии хониш барои нобиноён қаноатмандии худро иброз кард.

Инчунин, дар ошёнаи дуюми Китобхона таҳти унвони “Шоҳмот шоҳи бозиҳост” намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва пешкаши истифодабарандагон гардид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ