ИСТИРОҲАТГИРАНДАГОНИ “ОФТОБАК” ДАР ТОЛОРИ НАВРАСОНУ КӮДАКОНИ КИТОБХОНА / 20.06.2018
Хонандагони МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар урдугоҳи «Офтобак» ба истироҳату фароғат сафарбар шудаанд, ба Китобхонаи вилоятӣ омада, дар толори кӯдакон ва наврасон бахшида ба 95-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ оростанд. Онҳоро, ки бо омӯзгорон Назарова Ш., Икромова Ф., Усмонова М., Ҷалолова М., Қосимова М. вориди толори мазкур гаштанд, китобдори ботаҷриба Собирова Д. пазируфта, маҳфилро оғоз кард. Хонандагонро бо ҳаёту фаъолияти шоир китобдори дараҷаи I Рустамова Масъуда ошно сохта, онҳоро ба шеърхонӣ аз эҷодиёти шоир водор кард.
Дар ҳошияи маҳфил талабагони хурдсол Абдураҳматов Ҷовид, Шукронаи Ҷамшедӣ, Мақсудова Сумая, Абдунабизода Аниса ва дигарон афсонаҳои шунидаву хонадаашонро нақл намуданд.
Хонандаи синфи 1 Абдулатипова Шукрона ва китобхони аз ҳама хурдсоли толори наврасону кӯдакон Аминахон Осимӣ дар охир шеърҳо дар васфи Ватан ва Тоҷикистон қироат карда, маҳфилро ҳусни хотима бахшиданд.
Иштирокчиёни маҳфил дар даромадгоҳи Китобхонаи вилоятӣ барои хотира акс гирифтанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ