Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШУЪБАИ МАЪЛУМОТДИҲӢ-БИБЛИОГРАФӢ / 14.06.2018

Таҷрибаомӯзон дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа АсирӣШуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ яке аз шуъбаҳои махсуси хизматрасонӣ мебошад, ки китобшиносону китобдорони он барои хонандагон дар дарёфти мавод, маълумоти соҳаҳои гуногун ёрӣ мерасонанд. Илова бар хизматрасонӣ, яке аз самтҳои кори китобшиносони шуъба омода кардани хулосаҳо ва нишондиҳандаҳои гуногунмавзӯи библиографӣ мебошад. Бо ба назар гирифтани ҳамин хусусияти хизматрасонии шуъба ва малакаи касбии китобшиносон донишҷӯёни соли хониши чоруми ихтисоси таърих ва сиёсташиносии ДДҲБСТ бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, профессор Давлатов М. тайи чанд рӯз аст, ки дар шуъбаи мазкури Китобхонаи вилоятӣ ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд.

Чунончи аз суҳбат бо донишҷӯён ва китобшиносон маълум шуд, омӯхтани роҳҳои осон ва босуръат пайдо кардани сарчашмаи маълумоти таърихӣ ва сиёсии солҳои гуногун бо истифода аз нишондиҳандаҳои библиографӣ, солномаи матбуот, феҳристи кишваршиносӣ ва бевосита аз худи сарчашмаҳо – маҷаллаву рӯзномаҳо, фаслномаҳо илмӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва асарҳои илмии мавҷуд дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ мақсади асоси таҷрибаомӯзон мебошад.

Таҷрибаомӯзон дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа АсирӣБа  донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ сардори шуъбаи мазкур Ҳошимова Мунаввар ва китобшиносон Қаюмова Манзура, Қобилова Мадина, Файзуллоева Зуҳро кӯмак расонида, ҳамарӯза фаъолияти мустақилонаи донишҷӯёнро дар раванди азхуднамоии роҳу методҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаи маълумот назорат намуда, баҳогузорӣ карданд.

Аз тарафи китобшиносон ба донишҷӯён  маслиҳат дода, ки шуд дар ҳамкорӣ бо китобдорони шуъбаи электронии Китобхонаи вилоятӣ роҳу усулҳои ҷустуҷӯи электронии маводу маълумотро бо истифода аз шабакаи интернетӣ омӯзанд. Донишҷӯён ҳам изҳор доштанд, ки онҳо дар китобхонаи электронӣ ва анъанавии донишгоҳашон марҳалаи аввали таҷрибаомӯзиро гузаронида, баъд ба Китобхонаи вилоятӣ омадаанд, то бо усулҳои кор бо сарчашмаҳои библиографиро мустақилона омӯзанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ