ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2018»
Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода (№262, аз 18.06.2018) аз санаи 16-уми июл то 20-уми августи соли 2018 дар байни 355 китобхонаи низоми фарҳанги шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» эълон гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, ҳамчунин ба ифтихори 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ баргузор хоҳад шуд.
НИЗОМНОМАИ
озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти суғд дар соли 2018»
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ, ҳамчунин бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, ба ифтихори 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ баргузор мешавад.
2. Шартҳои озмун
2.1. Вазъи моддию техникӣ, ҳолати бино, таъминот бо таҷҳизоти китобхонавӣ, аз ҷумла рафи оҳанину чӯбин, феҳраст, намоишгоҳи китобӣ, мизу курсӣ, воситаҳои оташнишонӣ, гармидиҳӣ, ҳавокашӣ, технологияи нав, монанди компютер, принтер, сканер, Интернет ва ғайраҳо.
2.2. Ҷобаҷогузории китобҳо дар рафҳо аз рӯи таснифоти китобхонавӣ, библиографӣ ва алифбоӣ.
2.3. Мавҷудияти феҳрастҳои китобхонавӣ (алифбоӣ ва мураттабӣ).
2.4. Сатҳи донишу малакаи касбии китобдор.
2.5. Сатҳу сифати корҳои ҳуҷҷатнигорӣ (нақша, ҳисобот, дафтарҳои бозшуморию бақайдгирӣ, рӯзнома ва тамоми ҳуҷҷатҳои соҳавӣ).
2.6. Истифодаи дастурҳо, баргаҳои мавзӯӣ ва доимоамал, хулосаҳои китобшиносӣ, лавҳаҳо, рӯйхати тавсиявӣ, мактубҳои методӣ, маводи паҳнкунандаи тарғиботӣ дар раванди фаъолият.
2.7. Корбурди тарзҳои самарабахш оид ба баргардонидани китобҳое, ки дар дасти истифодабарандагони қарздор мебошанд.
2.8. Вазъи хизматрасонии берун аз китобхона.
2.9. Ороиш ва аёнияти китобии китобхона оид ба ҷалби хонандагон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ.
2.10. Мавҷудияти китобхонаи таҷрибавӣ дар шаҳру навоҳӣ ва мавқеи он дар такомули донишҳои соҳавии китобдорон.
2.11. Татбиқи роҳу усули манфиатовари ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхона.
2.12. Вазъи воридшавию таъминоти китобҳои нав.
2.13. Теъдоди хонандагон.
2.14. Гузориши корҳои тарғиботию ташвиқотӣ.
3. Кумитаи ташкилӣ ва ҳакамони озмун
3.1. Кумитаи ташкилии озмун аз масъулону кормандони Раёсати фарҳанг, шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, намояндагони садорат, китобдорон ва китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ созмон дода мешавад.
3.2. Ҳайати ҳакамон аз раис ва аъзо, ки ҷамъан аз 7 нафар зиёд нестанд, иборат буда, асосан мутахассисони соҳа мебошанд.
3.3. Натиҷаи даври ниҳоии озмун дар суратҷаласаи ҳакамони озмун инъикос ёфта, нусхаи он дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд sugd.tj ва сомонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ asiri.tj интишор мешавад.
4. Тартиби ҷараёни озмун
4.1. Дар озмун китобхонаҳои низоми фарҳанги вилояти Суғд иштирок карда метавонанд.
4.2.Ҳайати ҳакамон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ натиҷаи омӯзиши кори китобхонаҳоро ба Кумитаи ташкилии озмун, ки дар муассисаи мазкур фаъолият мебарад, дастрас менамоянд.
5. Вақти баргузории озмун
5.1. Озмун аз санаи 16-уми июли соли 2018 шурӯъ гардида, то санаи 20-уми августи соли 2018 идома меёбад.
5.2. Даври ниҳоии озмун санаи 4-уми сентябри соли 2018 аз рӯи натиҷаи санҷишу омӯзиши ҳайати ҳакамон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷамъбаст мегардад.
6. Ҷоиза ва мукофоти озмун
6.1.Ғолиби асосии озмун бо шоҳҷоиза (маблағи нисбатан зиёди пулӣ) қадршиносӣ мегардад.
6.2. Ғолибони се китобхонаи дигар бо ҷоизаҳои молиявӣ қадрдонӣ мешаванд.
7. Дигаргуниҳои истисноӣ дар муқаррароти озмун
7.1. Аз рӯи зарурат дар ҳолатҳои истисноӣ бо ризоияти Кумитаи ташкилии озмун дар ҳайати ҳакамон тағйирот ворид мегардад.
МУКОФОТИ ОЗМУН
1.Шоҳҷоиза барои ғолиби озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» – 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ.
2. Ҷоиза барои ғолиби ҷойи аввали озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» –10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ.
3. Ҷоиза барои ғолиби ҷойи дуюми озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» – 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ.
4. Ҷоиза барои ғолиби сеюми озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» – 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ.
Дар маҷмӯъ, барои баргузории озмун 42000 (чиҳилу ду ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо шуда, дигар китобхонаҳои фаъол ҳам бо туҳфаҳои ифтихорӣ қадршиносӣ мегарданд.