ҲУЗУРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НАВРАСОН ДАР КИТОБХОНА / 01.06.2018
Санаи 1-уми июн – Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон дар муассисаҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳру навоҳии кишвар тадбиру чорабиниҳои идона дар сатҳи баланд доир шуда истодааст.
Масъулини мақомотҳои давлатӣ, падару модарон, фарҳангиёну зиёиён баҳри таъсирбахшу хотирмон гузаштани ин рӯз саъю талош варзиданд. Хусусан омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар ин рӯз талош бар он карданд, ки шогирдони навраси онҳо на фақат ба тамошои ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар ҷалб шаванд, балки бо фаъолияти китобхонаҳо низ ошно гашта, худро барои мутолиаи мустақилона дар толорҳои хониш омода созанд.
Омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ№15 шаҳри Хуҷанд Ғаниева Мухбира бо хонандагони синфи 4”б” тасмим гирифтанд, ки дар Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон бо фаъолияти шуъбаҳо, тарзи хизматрасонӣ, махзани китобии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ шинос шаванд.
Наврасонро, ки бо шавқ ба навори гардони слайдҳо таҳти унвони “Нуктаҳои илм”, рафи китобҳо, овезаҳо, аксҳои ҷолибу диққатбарангез чашм медӯхтанд, китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ библиографӣ Қаюмова Манзура роҳбаладӣ карда, онҳоро ба муносибати идашон аз номи ҳамаи китобдорон таҳният гуфт ва бо фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонӣ ошно сохт.
Хонандагонро дар толори наврасону кӯдакон сардори толори мазкур, китобдори лаёқатманд Собирова Дилрабо бо муносибати самимона ва суханҳои ширин пешвоз гирифта, дар бораи китобҳо, афсонаҳо, қаҳрамонҳои дӯстдоштаи онҳо маълумот пайдо кард ва ҳамзамон бо муаррифии китобҳои тозавориди бачагона завқу рағбати онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ афзунтар намуд.
Китобдорони шуъбаи феҳрист дар мавриди фаъолияти шуъба суҳбат карда, амалан роҳи дарёфт кардани китоби даркориро бо истифода аз феҳристи алифбоӣ ба онҳо нишон доданд.
Дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир китобдори ботаҷриба Оқилҷонова Мунира аз таърихи шуъба бо наврасон суҳбат карда, ёдовар шуд, ки аксари истифодабарандагони махзани он донишҷӯёну магистрантон ва муҳаққиқон мебошанд ва агар онҳо ҳам хубу аъло хонанд, оянда дар чунин шуъбаҳо ва толорҳои илмӣ-таълимӣ ва таҷрибавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои машҳури олам ба илмомӯзӣ машғул шуда метавонанд.
Муаллима Ғаниева Мухбира дар тақвияти суҳбату суханронии роҳбаладу китобдорон шогирдонашро ба китобу китобхонӣ дилгармтар намуда, ваъда дод, ки минбаъд бо китобдорон ҳамкории самарабахшро ба роҳ мемонад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ