«ГУЛШАНИ ҲУНАР» МУАРРИФӢ ШУД / 25.05.2018
Дар Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки аҳли илму адаб ва китобдорон китоби “Гулшани ҳунар”-и шоир, драмматург, рӯзноманигор Саидамин Ҷило мавриди муаррифӣ қарор гирифт. Баъди аз тарафи директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром оғозёбии маҳфил дар бораи китоби мазкур собиқадори соҳаи фарҳанг, ходими давлатӣ Нодирҷон Солиҷонов, сардабири маҷаллаи Паёми Суғд, шоиру драмматург Озарахш, рӯзноманигори варзида Мавлуда Шарипова, адабиётшинос ва шоир Нуралӣ Нурзод изҳори назар намуданд. Дар охир худи муаллиф ҳам оид ба рафти таълиф ва такмилу иловаҳое, ки бояд ба ин китоби таърихӣ-таҳқиқӣ ворид карда шавад, сухан гуфт ва ёдовар шуд, ки нашри такрории он тавассути нашриёти “Хуросон” дар сатҳи хеле баланд сурат гирифтааст.
Аз маърӯза ва суҳбатҳои афроди номбурда равшан шуд, ки китоби “Гулшани ҳунар” ба таърихи ташкилёбӣ ва рушди Театри мазҳакаи мусиқаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, саҳми ҳунарпешаҳою сарояндагони ин муассиса дар ривоҷи санъати театри тоҷик бахшида шуда, бо сабки хос таълиф ёфта, на фақат арзиши энсиклопедӣ-таърихӣ дорад, балки дорои аҳамиятӣ адабӣ низ мебошад.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ