ТАРОНАСОЗИ МУҲАББАТ / 25.05.2018
Бо ташаббуси Китобхонаи вилоятӣ, бахши Суғдии ИН Тоҷикистон ба муносибати 95-солагии ёдбуди шоири маҳбуб Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили накӯдошт– “Таронасози муҳаббат” бо иштироки аҳли илму адаб, донишҷӯёну толибилмон, китобдорону санъаткорон ва фарзандони шоир баргузор гашт. Иштирокчиён нахуст аз намоиши китобҳои дар саҳни ошёнаи дуюм омодашуда баҳравар гардиданд. Дар толор баъди ба намоишгузории слайд директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром мафҳилро ҳусни оғоз бахшид ва риштаи суханро ба Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дод, ки номбурда бо муқаддимаи кӯтоҳ шахсияти шоиру нависанда Аминҷон Шукӯҳиро барои иштирокчиёни наврасу ҷавон ошно сохта, як шеърро дар ситоиши вай қироат кард.
Адабиётшинос Тоҷибой Султонзода дар мавзӯи мақом ва саҳми шоирии Аминҷон Шукӯҳӣ дар равнақи лирикаи муосири тоҷик хеле ҷолиб баромад кард. Аз рӯйи таҳқиқоти номбурда шоири равоншод аз ҷумлаи шоироне буд, ки бо шеърҳои ишқии самимии худ лирикаи тоҷикро рӯҳи замони нав дод ва онро аз таъбиру вожаҳои куҳна тоза кард.
Нависандагон Маъруфи Бобоҷон, Дадохони Эгамзод дар бораи хизматҳои шоистаи Аминҷон Шукӯҳӣ дар рушди радиою телевизион ва адабиёти тоҷик сухан карданд. Аз суҳбату нақлҳои ин ду нависанда чунин бармеояд, ки шоири зиндаёд шахси ниҳоят хоксору ҳалим, инсони муаддаб ва риоятгари суннатҳои ахлоқи миллӣ буд ва шеърҳои ӯ шуруъ аз даврони зиндагӣ то имрӯз дар ҳама ҷо вирди забони аҳли дилу назар аст.
Сурудхониҳои сарояндагон Шарифҷон Ниёзов ва Абдукарим Аминов бар матни ашъори Аминҷон Шукӯҳӣ дили аҳли маҳфилро ба шеъру шахсияти шоир гармтар кард.
Хонандагони синфҳои мактаби №26 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва ғолибони озмуни “Шукӯҳихонӣ” аз ашъори шоир шеърҳои ҷолибро қироат намуда, савозори таҳсин гардиданд.
Аз ҳама суханронии ҷолиб ва пуртаъсир суханронии фарзанди хурдии Аминҷон Шукӯҳӣ - Карим Шукуҳӣ буд. Вай аз даврони кӯдакӣ нақлҳои ҷолиби зеринро ба забон овард, ки дар он хоксорӣ, ҳозирҷавобии шоири бузург баръало эҳсос мегардад:
Ман дар синфи поёнӣ мехондам. Дар синфи мо духтари Файзулло Ансорӣ ҳам мехонд, ки насабу номи вай дар аввали рӯйхати талабаҳо буду насабу номи ман (Ҳоҷибоев) дар охир. Вақте муаллима ному насаби духтари Ансориро хонданд, ҳама ҳамдарсон ба муаллима гуфтанд, ки ин ҳамсинфамон духтари Ансорӣ аст. Муаллима гуфтанд, ки мо бо номи падари ин шогирдамон ошно ҳастем, он кас шоири хуб. Баъд вақте дар охир ному насаби маро ҳам хонданд, боз ҳамсабақон гуфтанд, ки Каримҷон ҳам писари шоир аст. Муаллима дар хитоб ба бачаҳо гуфтанд, ки бо номи шоирон бозӣ накунем. Ман аз ин сухан каме гарм шуда, гуфтам, ки бачаҳо рост мегӯянд, падари ман ҳам шоир. Муаллима аз ин сухани ман дар ғазаб шуда, аз гӯшам кашола карда, гирифта пеши директори мактабамон бурд ва шикоят карданӣ шуд. Директор фарзанди Шукӯҳӣ буданамро дониста, маро ба берун баромадан ишора кард. Баъди ду дақиқаи беруншавиям аз қафо муаллима баромад, чеҳрааш аз хиҷолат суп-сурх. Баъди дарс ин ҳодисаро ба модарам гуфтам ва модарам ба падарам расониданд. Падарам тарафи маро нагирифта, як китоби худро бо соядаст ва узрхоҳӣ ба дастам доданд, то бурда ба муаллима диҳам ва ҳамин тавр ҳам шуд.
***
Баъди аз чоп баромадан ва филм шудани асари “Об аз куҷо меояд?”-и Шукӯҳӣ номи сари забонҳо гашт ва дар ҳама ҷо серистеъмол шуд...
Об ба замини ҳавлии мо аз ҳавлии хонаи Котиби якуми КҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов мегузашт. Боре ман барои обкушоӣ маҷбур шудам, ки аз девор гузашта, ба ҳавлии Ҷаббор Расулов дароям. Маро баъди гузаштан милисаи посбон дошта, ба пурсуков даромад. Ман саросема шуда ба милиса мақсадамро мефаҳмонидам, ки дар ҳамин вақт худи Ҷаббор Расулов омада, фаҳмиданд ва милисаро амр карданд, ки обро кушояд. Падарам аз ин ҳодиса бохабар шуда гуфтанд: Оби Каримҷон аз хонаи Ҷаббор Расулов меояд.
Бояд ёдовар шуд, ки писари хурдии Аминҷон Шукӯҳӣ– Каримҷон Шукӯҳӣ аз суханшиносону адабиётдӯстонест, ки айни ҳол бо оилаи худ дар Амрико зиндагӣ мекунад. Ин фарзанди адиб бо ҳамроҳии ҳамсараш ва як нафари дигар луғати тоҷикӣ-англисӣ омода карда, асари “Об аз куҷо меояд”-и падарашро ба забони англисӣ тарҷума намудааст. Баъди суханронӣ Каримҷон Шукӯҳӣ китобҳои мазкурро ба директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром ҳамчун ҳадя ба хонандагон тақдим намуд.
Дар поёни маҳфил Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, бо эълони он ки ин нишаст нишасти оғозин аз силсилаи маҳфилҳои шукӯҳихониву шукӯҳишиносии ба муносибати 95-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ бахшидашуда мебошаду он дар давоми сол идома хоҳад ёфт, таманно кард, ки аҳли мафҳил, шоирону нависандагон, китобдорон ва пайвандони Аминҷон Шукӯҳӣ барои дар сатҳи олӣ таҷлил кардани ҷашни 100-солагии адиб саҳми босазо мегузоранд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ