“ЛОИҚХОНӢ”-И КИТОБДОРОН / 21.05.2018
Ҳамасола дар рӯзи таваллуди шоири шинохтаи миллат, устоди адибони муосири тоҷик, зиндаёд Лоиқ Шералӣ байни китобдорон озмуни “Лоиқхонӣ” баргузор мегардад. Имсол озмуни “Лоиқхонӣ” ба санаи 21-уми май рост омад. Онро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром ҳусни оғоз бахшида, нахуст аз ҷойгоҳи баланди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд.
Дар идома, вай яке аз китобшиносону методистони варзидаи шуъбаи илмӣ-методӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахасисси хушкору ботаҷриба, бонуи соҳибмаърифат Юнусова Мавлудахонро, ки дар ин рӯзи таърихӣ ба синни нафақар расиданд, табрик гуфта, бо як дастагули тару тоза туҳфаи хотиравӣ супорид. Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ, инсондӯстӣ ва шахсияти фавқулода меҳрубону ғамхори мавсуф собиқадори соҳаи фарҳанг ва матбуот Нодирҷон Солиҷонов изҳори назар намуд. Дар навбати худ соҳибҷашн Юнусова Мавлудахон ёдовар шуд, ки чаҳордаҳ сол инҷониб дар Китобхонаи вилоятӣ фаъолияти касбиро аз китобдорӣ оғоз карда, то ба иҷрои вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо рушд намуда, тайи чандин сол ин масъулиятро бар уҳда доштаасту аз он ки ҷомеаи меҳнатӣ ӯро ҳамчун ҳамкасбу ҳамкор зиёда мавриди ҳурмату эҳтиром қарор медиҳанд, сарбаланду сарфароз аст.
Муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна, ки кори ташкил ва баргузор намудани озмунро бар уҳда гирифт, шартҳои озмунро як бори дигар эълон намуда, иштирокчиёнро барои омодагӣ вазифадор кард. Пас аз гирифтани рақамҳои тартибӣ 20 нафар китобдор дар озмун ширкат варзида, ҳунари шеърдонӣ ва шеърхонияшонро нишон доданд.
Тибқи баҳогузории ҳакамон се нафар соҳиби холҳои баланди якхела (30 хол) шуданд. Бо машварати ҳакамон ба рафти баҳогузорӣ шунавандагон -аудитория ҷалб гардид.
Баҳогузории шунавандагон тариқи овоздиҳӣ нишон дод, ки ҷойи аввал ба барномасози шуъбаи электронӣ– Хокироев Овлоқул (36 овоз), ҷойи дуюм ба сардори толори наврасону кӯдакон – Собирова Дилрабо (31 овоз), ҷойи сеюм ба сардори шуъбаи китобҳои санъат – Умарова Машҳура (29 овоз) сазовор дониста шавад.
Ба онҳо туҳфаҳои ҳавасмандсозиро китобдори соҳибтаҷриба Юнусова Мавлуда ва шоира Қутбия эҳдо намуданд. Инчунин барои ширкати намунавияш китобдори китобхона-филиали№6 Ёқубова Гавҳар, ки шеъри “Хоки Ватан” -ро хеле самимӣ ва пуртаъсир қироат кард, соҳиби туҳфаи арзанда гашт.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ