Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ҶАЛБИ НАВРАСОН БА КИТОБХОНА / 19.05.2018

Ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона аз муҳимтарин вазифаҳои на фақат китобдорон, балки вазифаи ҳамаи аҳли ҷомеа мебошад. Зеро таблиғу ташвиқ ҳамон вақт самарабахшу натиҷаовар мешавад, ки  ҳама қишрҳои ҷомеа ба он  якдилона муносибат намоянд ва каму беш саҳми худро гузоранд.

Санаи 19-уми май бо мақсади шиносонидан бо фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ, бавижа толори кӯдакон ва наврасон 25 нафар хонандаи синфҳои поёнӣ, ки истифодабарандагони фаъоли китобхонаи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ва китобхонаи МТМУ№3 ба шумор мераванд, аз тарафи китобдорони китобхонаҳои мазкур – Сафарова И.Р. ва Қаҳҳорова Ш. ба экскурсия фаро гирифта шуданд. Онҳоро китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ – Қаюмова Манзура роҳбаладӣ намуда, аз таърихи барпошавии Китобхонаи вилоятӣ, тарзи фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонӣ маълумот дод.

Дар толори наврасону кӯдакон онҳоро китобдор Рустамова Масъуда бо махзани китобӣ шинос карда, якчанд китоби тозаворидро муаррифӣ намуд.

Яке аз ташкилкунандагони экскурсия –китобдор Қаҳҳорова Шаҳринисо дар суҳбат бо роҳбалад номи наврасони китобдӯст –Нозимшоева Ф., Шобадалова С., Масалиева С., Аъзамов М.-ро, ки пайваста ба мутолиаи китобҳои бачагона машғуланд,  зикр карда, дар ташкилшавии экскурсия саҳм доштани онҳоро ёдовар шуд.

Ин экскурсия аз саъю талоши китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ҳар чи бештар ҷалб намудани насли наврас ба китобхона ва китобхонӣ дарак медиҳад.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ