Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК / 18.05.2018

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз марказҳои фарҳангӣ ва илмӣ на фақат барои китобдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хизмат карда меояд, балки бо ташкил ва баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамчун як маркази ҳамоиши аҳли илму адаб, ба вижа ҷавонони алоқаманд ба илму фан саҳми босазо дорад. Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба моҳи ҷавонӣ ва Рӯзи илми тоҷик бо ҷалби донишҷӯён, магистрантон ва докторантони донишкада ва донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалии «Саҳми ҷавонон дар рушди илми тоҷик»-ро баргузор кард.

Конфронс аз рӯйи барнома, ки онро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром бо муқаддимаи пурмуҳтаво ва муаррифии гузоришгарон-муҳаққиқони ҷавон барои иштирокчиён ошно сохт, расман шурӯъ шуда, дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт.

Ғуфронов Ризвоншоҳ-магистранти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар ташаккули илми адабиётшиносӣ» маърӯза карда, аз саҳмгирии шогирдони мактаби илмии адабиётшиносони фақид Абдулманнон Насриддин ва  Худоӣ Шариф дар ташаккулёбии адабиётшиносии муосир иттилоъ расонида, ҳамзамон фаъолияти илмии шогирдони насли ҷавони докторони имлҳои филологӣ, профессорон Матлуба Хоҷаева ва Абдуҷамол Ҳасановро, ки бо ғайрати тамом ба майдони таҳқиқ ворид шудаанд, далели таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят ба рушди илми тоҷик донист. Ҳамчунин аз хизматҳои намоёни муҳаққиқони ҷавони Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ки ба баргардон, тарҷума, таҳия ва нашри осори адабиёти классикӣ тоҷикӣ ва арабӣ машғуланд, ёдовар шуд.

Гузориши ҷолиби Андалеб Фарҳодзода – докторанти (PhD) соли дуюми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзӯи «Коркарди технологияи истеҳсоли нон бо иловаи орди тритикале», ки ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқии амиқу дақиқ дошт, бо истифода аз слайд ба самъи иштирокчиён расонида шуд. 

Самадов Рамазонӣ–магистранти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки таҳти роҳбарии забоншиноси шинохта Ҳасанов Адбдуҷамол ба тадқиқи муқоисавии ҷанбаҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи забонҳои тоҷикӣ-суғдӣ ва яғнобӣ ҳиммат гумоштааст, дар мавзӯи «Муқоисаи забонҳои куҳани тоҷикӣ-суғдӣ ва яғнобӣ» дар мисоли аугменти “а-“ гузорише ҷолибе ироа кард. Ба таҳқиқи ин мавзӯъ пардохтан ва маърӯзаи илмии магистранти мазкур, ки худ намояндаи забони яғнобӣ асту дар таҳлилҳояш мисолҳоеро аз ин забони зинда далел овард, шавқи донишҷӯёнро ба  соҳаи забоншиносии тоҷикӣ, хусусан таърихи забон зиёд кард.

Маърӯзаи илмии Муқаддам Абдураҳмонова-магистранти факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо номи «Қиёси сохтори синтаксисии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» аз он дарак дод, ки муҳаққиқони ҷавон дар самти омӯзиши татбиқии забонҳои хориҷӣ бо забони тоҷикӣ саъю талош варзида, барои эҳёи мавқеи таърихии забони давлатиамон саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Шоиру муҳаққиқ Шодӣ Ҳасани Шарифниё ғазали ба 85-солагии доктори илмҳои тиб, профессор, асосгузори мактаби онкологии тоҷик Бахтиёр Ахмедов бахшидааш ва чанд шеъри дигари ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ эҷоднамудаашро қироат кард.

Иштирокчиён дар қисми музокира ба гузоришгарон, бавижа ба докторант Андалеб Фарҳодзода саволҳо оид ба шарҳи васеи мафҳуми тритакале ва бо роҳи сунъӣ ҳосил кардани ин навъи гандуми таркибан серсафеда дода, ҷавоби муфассал гирифтанд.

Собиқадори соҳаи фарҳанг ва матбуот, устоди донишҷӯёни шуъбаи китобшиносӣ ва китобдории факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ходими намоёни давлатӣ Нодирҷон Солиҷонов як-як гузоришу маърӯзаҳои муҳаққиқони ҷавонро таҳлил карда, ба онҳо баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дар ҳама давру замон олимону муҳаққиқон дар пеши сафи ҷомеа қарор доранд ва пешрафти ҳамаҷиҳатаи давлатҳои олам ба фаъолияти пурсамари нерӯҳои зеҳнӣ вобаста аст.

Магистрантон Шомухадаминов Ноил, Саидов Исмоил маърӯзаҳои ироанамудаи ҳамсабақонашонро баҳогузорӣ карда, донишҷӯён ва иштирокчиёни ҷавони конфронсро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд барои толибилмон ва муҳаққиқон фароҳамомада ҷиддан ба таҳсилу таҳқиқ машғул шаванд, саҳми худро дар рушди илми тоҷик гузоранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ