Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

РӮЗИ ОИЛА БО ОИЛАҲОИ НАМУНАВӢ/16.05.2018

Дар маҳфили адабӣ-фарҳангие, ки «Оила –унсури асосии ҷомеа»  ном дошту дар санаи 16-уми май аз соати 1000 то 11 30 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа баргузор гашт, аз он дарак дод, ки воқеан китобдорон дар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои маърифатӣ таҷрибаи ғанӣ доранд.  

Сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Шомухадаминов Ноил, ки пеш бурдани кори маҳфилро бар уҳда дошт, онро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон– оилаҳои намунавии Атобевҳо ва Усмоновҳоро ба иштирокчиён шиносонид.

Сардори  китобхона-филиали №2 Малика Қосимова дар мавзӯи “Ташаккули муносибатҳои оилавӣ ва анъанаҳои оилаи тоҷикон»  маърӯза қироат карда, ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ишора карда, омилҳои устувориву пойдории оилаҳои солимро номбар намуд.

Дар идома сармуаллими Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, сардори оилаи Атобоевҳо –  Акрам Атобоев, ки бо ҳамсараш– омӯзгори фанни забони русии МТМУ №11 Каримова Матлубахон 30 сол инҷониб зиндагии осудаву обод ва хушбахтона доранду фарзандонашон: Акмал,  Адиба, Шаҳноза ва Акобирро  ба воя расонидаанд, дар доираи мавзӯи «Нақши оила дар тарбия ва таълими фарзанд» суҳбат карда,  якдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарро дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ карда тавонистан, таҳаммулпазириро асоси мустаҳкамии оила шумурд.

Дар мавзӯи «Омилҳои хушбахтии оила» муовини сардухтури дармонгоҳи стоматологии шаҳри Хуҷанд, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори оилаи Усмоновҳо – Мурод Усмонов ва ҳамсари вай мудири бахши тарбияи Коллеҷи технкии шаҳри Хуҷанд, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Усмонова Матлубахон, ки  собиқаи 35-солаии оиладорӣ доранду соҳиби се фарзанд: Мутриба, Таиба ва Исмоил мебошанд, ба навбат хеле суҳбати самимона ва пуртаъсир карда, ба саволҳои гардонандаи маҳфил ҷавобҳои пухта ва насиҳатомез доданд.

Дар лаҳзаҳои фароғат ҳунармандони ҷавони ансамбли этнографӣ-мардумии “Фалак”  Туғрал Холматов (сароянда), Зикрулло Саидов (сароянда), Фирдавс Маҳмудов (навозанда), Ойбек Бобоев(навозанда) бо ғазалҳои “Бе ту танҳои кашидам...”, “Рав он рубобиро бигӯ мастон саломат мекунанд”, суруди “Дилбари хуҷандӣ”, байтҳои Зарафшон табъи аҳли маҳфилро болида гардониданд. Хусусан, байтҳои Зарафшон, ки ба мавзӯи ишқ ва оиладорӣ бахшида шуда буд, ба иштирокчиён таъсири бештаре гузошт.

Саҳначае, ки аз тарафи китобдорони шуъбаҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ, дастхатҳо ва нашрияи нодир бо номи “Таҷрибаи рӯзгор” ба намоиш гузошта шуд, ба меҳмонони чорабинӣ ва иштирокчиён писанд омад. Муҳтавои саҳнача тамошобинон, хусусан хушдоманҳоро ба таҳаммулпазирӣ ва хатобахшӣ даъват мекард.

Дар поёни маҳфил директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром меҳмононро барои ширкат дар маҳфил ва суханрониву суҳбатҳои самимӣ ва андарздиҳӣ ба ҷавонону навхонадорон изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асириро супорид.

Бояд хотиррасон кард, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиалҳо ва шуъбаҳои хизматрасонӣ ташкил ва баргузор гашт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ