МАФҲИЛ БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ ШАШМАҚОМ» / 10.05.2018
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Шашмақом ин ҷаҳони мо, забони мо, фарҳанги мо ва ҳастии мост”. Оре, миллати тоҷик бо “Шашмақом” фарҳанги оламгирашро боз ҳам оламгиртар карда, барои ҳифзу эҳё ва рушди ин санъат дар замони ҷаҳонишавии арзишҳои гуногуни маданиву сиёсӣ бо пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гашт. Аҳли фарҳангу адаб ва санъат барои ташвиқу тарғиби сиёсати дар ин самт пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҳаматарафа талош варзида, ҳамкориҳоро мустаҳкамтар карда истодаанд.
Баргузории маҳфили адабӣ - фарҳангии «Мақоми дил аст, «Шашмақом», ки санаи 10-уми май нимаи дуюми рӯз дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба муносибати Рӯзи «Шашмақом» баргузор гашт, аз сатҳу сифати баланди татбиқшавии ин сиёсат дарак медиҳад.
Бо ташкили намоиши кушоди китобӣ ва матбуотӣ китобдорони шуъбаи санъат чун аънана иштирокчиёни маҳфилро бо китобҳои ба соҳаи шашмақом бахшидашуда шинос карданд.
Дар толор слайд аз ҳаёти шашмақомхонони маъруфи тоҷик, муҳаққиқони барҷастаи санъатшинос ва асарҳои онҳо аз тарафи кормандони шуъбаи электронӣ таҳия ва ба намоиш гузошта шуд.
Маҳфилро сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Шомухадаминов Ноилҷон оғоз карда, баъди шиносонидани меҳмонони чорабинӣ дар бораи шашмақом муқаддимаи кӯтоҳеро ба самъи иштирокчиёни расонд.
Мутахассиси маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Усмонова Фароғат роҷеъ ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба рушди санъати “Шашмақомхонӣ” сухан гуфта, дар поёни суҳбаташ иштирокчиён, бавижа аҳли санъатро ба муносибати “Рӯзи Шашмақом” аз номи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев табрику таҳният гуфт.
Номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраҳои гуманитарӣ ва китобхонашиносии факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Саидкаримов Бахтиёр дар мавзӯи «Шашмақом» дар оинаи таърих» гузорише ҷолиберо ироа карда, доир ба пайдоиш, ташаккули ин жанр дар тӯли асрҳои ХVI–ХIХ маълумоти муфиди илмӣ дод.
Омӯзгори ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», сарояндаи шинохта Абдумавлон Дадобоев дар марвиди “Ҷойгоҳи ансамбли “Нури Хуҷанд” дар рушди санъати Шашмақом» суҳбат карда, як суруди дилкашу рӯҳнавозро ба иҷро расонд.
Суханронии намояндаи ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, собиқадори соҳаи фарҳанг Солиҷонов Нодирҷон низ давоми мантиқии суҳбати мазкур буд. Номбурда зимнан аз хизматҳои арзандаи сарояндаи оламшумули тоҷик Ҷӯрабек Муродов дар муаррифии санъати шашмақом ба ҷаҳониён ёдовар шуд.
Суҳбати омўзгори Маркази ҳунар– Шарифмуҳаммад Ниёзов, ки ба баёни фаъолият, хизматҳои устоди “Шашмақом”-и муосири тоҷик, сарояндаи маъруфу маҳбуб Боймуҳаммад Ниёзов ихтисос дода шуд, мисли сурудхонии гузоришгари номбурда писанди хотири алоқамандони санъати воло гашт.
Дар поён хулосаи китобшиносӣ бо номи «Шашмақом» – дурдонаи фарҳанги ниёгон» аз тарафи китобдори шуъбаи хизматрасонии китобхона Норматова Зуҳро шунавонида шуд.
Ин маҳфил дар доираи чорабиниҳои “Меҳмонхонаи мусиқӣ”-и шуъбаи санъат доир гашт, ки дар он китобдорони шуъбаи мазкур ва шуъбаи хизматрасонӣ саҳм гирифтанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ