ТАРҒИБГАРИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО / 27.04.2018
Аҳли илму адаб ва мутаффакирони барҷастаи олам аҳамият ва ҷойгоҳи инсонгароиро, ки бар пояи дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ қарор дорад, дар навиштаҳои худ ба насли ояндаи башар таъкид кардаанд. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхии Румӣ, ки “ҳамдилиро беҳтар аз ҳамзабонӣ” шумурдааст, баробарии дину мазҳабҳои халқҳои оламро эътироф карда, ваҳдати ирфониро дар мисоли ягонамеҳриву гуногунзабонии башар ба тафсиру ташреҳ гирифтааст. Баъдтар ин дурустиву баландии ин диду тафаккурро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлоно Алишер Навоӣ амалан дар мисоли дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба исбот расониданд, ки то имрӯз он дар шаклҳои гуногун идома дорад.
Бо ташаббуси бахши Суғдии ИН Тоҷикистон, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, маркази маънавиёт ва фарҳанги ӯзбекон дар вилояти Суғд санаи 27-уми апрел маҳфили шеъри шоиру рӯзноманигори шинохтаи ӯзбек Ҷамшед Пиримов бо номи “Тарғибгари дӯстии халқҳо” баргузор шуд, ки дар он меҳмони ӯзбекистонӣ низ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод оғоз бахшида, дар бораи шеър, шоир ва мавқеи он дар ҷомеа, воқеоти сиёсиву фарҳангии байни давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи март ба амал омада, хусусан, иқдомҳои накӯ ва таърихии Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳёи дӯстиву рафоқати чор як аср густаста сухан гуфта, дар бораи шахсият ва шеърҳои Жамшид Пиримов изҳори назар карда, дар поёни суханаш шоирро аз номи аҳли қалами Тоҷикистон ба муносибати 70-умин солгарди умраш таҳният гуфта ва туҳфаи рамзӣ–“ҷомаи халқ”-ро аз номи МИҲД-и вилояти Суғд ба вай супорид. Баъди суханронӣ риштаи суханро ба шоир Авлиёхон Эшонов вогузошт. Нависанда Додохон Эгамзод аз рӯзгори гузашта ёдовар шуда, аз номи наберааш Бахтиёр, ки дар хурдӣ гум шудаву ба хонаи Ҷамшед Пиримов рафта буд, туҳфаи хотиравӣ супорид ва ваъда дод, ки дар ҷашни хонадоршавиаш бобои Ҷамшедро низ давъат хоҳад кард.
Меҳмон аз шаҳри Тошканд, нависанда ва шоир Нуралӣ Қобил, ки ҳамроҳ бо Ҷамшед Пиримов солҳо ҳамкорӣ карда, ҳаққи дӯстиву бародарӣ ба гардан дорад, дар мавриди муносибатҳои решадори дӯстии халқҳо суханҳои далелнок гуфта, бародариву баробарӣ, инсонгароиву меҳрпарвариро олитарин сифати башар баршумурд ва аз номи Кумитаи дӯстӣ ва робитаи фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ табрикнома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.
Ҳамин тариқ, дар навбати худ сармуҳаррир рӯзномаи “Халқ овози” Ёқуб Абдуманнон, доктори илмҳои филологияи ӯзбеки ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдусалом Қодиров, нависанда аз Тошканд, бародари соҳибҷашн Шоҳин Бӯтаев, ҳаҷвгӯ ва аскиячӣ Ғайрат Ҳамроқулов, шоира, шогирди соҳибҷашн Зулфия Бобоева, шоирон аз Истаравшан Раънои Зоирдухт ва Валиҷон Акбарзода, набераҳо ва тағои 90-солаи шоир Зиё-бобо суханҳои табрикӣ гуфтанд. Дар ин миён ҳофизон Мухтор аз Истаравшан ва Бахтиёр аз ноҳияи Спитамен бо сурудҳо ва худи шоир бо шеърхонӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Китобдорон ба ин муносибат намоиши кушоди китобиву матбуотии осори шоир Ҷамшед Пиримовро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аҳли нишаст, меҳмонони олиқадр баргузории ин маҳфилро далели сиёсати хирадмандона ва инсонгароёнаи сарварони кишварҳои худ ҳисобида, умедвор шуданд, ки муносибатҳо минбаъд дар ҳама самт рушд ёфта, ҳамкориҳои адибон низ ба марҳалаи тозаи таърихӣ ворид хоҳад шуд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ