Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ–БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК / 25.04.2018

Санаи 25-уми апрел дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёни вилоят бахшида ба 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ мулоқот доир кард, ки дар он аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат ширкат намудаанд.

Ба ин муносибат китобдорони Китобхонаи вилоятӣ дар даромадгоҳи муассисаи фарҳангии мазкур намоиши кушоди китобиву матбуотӣ ташкил карда, дар он осори аллома Садриддин Айниро зери сарлавҳаи “Устод Садриддин Айнӣ–бунёдгузори адабиёти навини тоҷик” ба намоиш гузоштанд.

 Дар ин радиф осори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои ба мавзӯъҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор – 2018-20128” ихтисосёфта низ мавриди намоиш ва баҳрабардорӣ қарор ёфт.

Дар намоиш китобҳои тозанашри нашриётҳои пешрафта ва шинохтаи вилоят “Хуросон”, “Ношир”, “Набӣ Фахрӣ”, китобҳои аз тарафи муҳаққиқони донишгоҳҳову донишкадаҳо таҳия ва таълифшуда, маҳсули заҳмати олимони Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки натиҷаи заҳмату талошҳои зиёини вилоятро бозгӯ мекард.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз тарафи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 17 номгӯ китоб бо теъдоди 1250 нусха ба масъулон ва китобдорони китобхонаҳои вилояти Суғд ба таври ройгон ҳадя гардид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ