РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ БО ҶАВОНОН / 23.04.2018
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва тараққиёти босуръати технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ барои насли башар зарур аст, ки ҳар чи бештар бо чизҳои табиӣ ва табиати асил сару кор дошта бошад. Зеро дурӣ аз табиат, канорагирӣ аз чизҳои табиӣ ва рӯ овардан ба чизҳои барсохтаи дасти худ сабаби асосии инҳирофи башар аз мадори инсонгароӣ шуда истодааст. Имрӯз насли нави инсоният барои дастрасӣ ба маълумоти тоза таваҷҷуҳи бештаре ба маводи электрониву интернетӣ зоҳир карда, нисбат ба сарчашмаҳои асиле, ки дар китобҳои коғазӣ дарҷ шудаанд, бефарқ аст. Ин сарсаринигарӣ ва беаҳамиятӣ нисбат ба китобҳои коғазӣ омили асосии паст рафтани завқи мутолиаи насли нав гаштааст. Аксари наврасон барои дарёфти маълумот аз интернет истифода мебаранд ва дар як фурсати кутоҳ бе заҳмати зиёд онро ба даст меоранд. Аз ин рӯ, ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ нависандаи маъруфи доғистонӣ Расул Ғамзатов гуфта буд:
«Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро дарк намекунад. Ҳамчунин халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рўи худро дида наметавонад».
Бо мақсади дар сатҳи ҷаҳонӣ таблиғ кардани аҳамияти китобу китобхонӣ ва эҳтироми муаллифу эҷодкор таърихи 15-уми ноябри 1995 дар 28-умин Анҷумани ЮНЕСКО санаи 23-юми апрел дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф эълон шуд ва аз соли 1996 инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Дар ин сана, ки ба рӯзи таваллуди Мануел Валехо Морис Дюрон ва Халлдор Лакснесс ва ба рӯзи вафоти Мигел Де Сервантес ва Уилям Шекспир рост омадааст, зинда доштани номи ин чаҳор адиби маъруф низ дар назар дошта мешавад.
Ба ҳамин муносибат санаи 23-юми апрел дар толори хониш бо иштироки хонандагон ва ҷавонони фаъол, ки бо роҳбарии муовини хадамоти матбуоти Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд Файзиев Муҳаммадҷон ташриф оварда буданд, суҳбат доир шуд. Чорабиниро сардори шуъбаи толори хониш Мирзоева Шараф ҳусни оғоз бахшида, баъди бо ин рӯз табрик кардани ҳамаи хонандагон риштаи суханро ба сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳошимова Мунаввар супорид. Китобшиноси номбурда аз таърихи ташкилшавии Китобхонаи вилоятӣ, фаъолияти шуъбаҳои он ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумот дода, онҳоро ба китобхонӣ ва мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо даъват кард. Вай таъкид намуд, ки хониши китобу рӯзнома дар толорҳои китобхона баҳраи зиёде ба хонандагон дода метавонад.
Дар навбати худ муовини хадамоти матбуоти Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд Файзиев Муҳаммадҷон аз номи Раёсати кор бо ҷавонони вилоят ҳамаи китобдорону китобхононро ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоб табрик гуфта, ба ҷавонон таъкид намуд, ки бояд на фақат аз маводи электронӣ ва сарчашмаҳои интернетӣ, балки аз китобҳои анъанавӣ низ истифода бурда, фурсатҳои холиро ба мутолиа ва ёддошт кардани онҳо гузаронанд.
Иштирокчиёни чорабинӣ, ки аксари онҳо дар толори хониш худ ба мутолиа ва истифодабарии китобҳои анъанавӣ машғул буданд, тасмим гирифтанд, ки натиҷаҳои ин суҳбатро ба ҳамдарсону ҳамсолонашон хоҳанд нақл кард.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ