ШИНОХТИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН / 13.04.2018
Кормандони китобхона-филиали №2 барои хонандагони синфи 8 “а” барои ҳарчи пурмазмунтар гузаштани дарс ва ба ҳаёти фарҳангии ҷомеа пайванд ёфтани он суҳбат дар мавзӯи “Эҳёгари миллат” барпо намуда, дар он китобҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айниро ба таври мухтасар муаррифӣ карданд.
Дар суҳбат ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи МТМУ№14 Собирова Матлюба ва ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Зоидова Каромат иштирок доштанд. Китобдори китобхона-филиал Дадобоева Мавҷуда муҳимтарин санаҳои таърихии зиндагии Садриддин Айниро шарҳ дода, аз муҳтавои асарҳои “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, “Исёни муқаннаъ” ба хонандагон маълумот дод.
Дар идома китобдор Қосимова Малика бо хонандагон саволу ҷавоб гузаронид, ки дар он Манижаи Мирмуҳаммад, Каримов Шерзод, Охунова Манижа, Дӯстматов Некрӯз, Ҳабибуллоева Нигора, Азимҷонов Хуршед, Бобоева Сабрина фаъолона ширкат варзиданд.
Бо баргузории чунин суҳбатҳои кутоҳ китобдорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки насли наврасу ҷавонро ба мутолиаи китоб ва шинохти афроди барӯманди кишварамон водор созанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ