ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРБАЛАНД / 10.04.2018
Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Дӯстматов 10-уми апрели соли 1938 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ 21-уми июли соли 1960 ба ҳозира Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба кор шурӯъ намуда, соли 1964 дар саҳнаи театр нақшҳои “Ошиқ” аз драмаи мусиқии «Ошиқ ғариб ва шоҳсанам», Рустам аз «Субҳи саҳро»-и Раҳим Ҷалил, шоир аз «Ҷони нодон – дар азоб» -и Ҳоҷӣ Содиқ, нақшҳои марказии Салянский, Фри Мюллер ва сержант Дӯстовро аз намоишномаҳои «Мужда», «Ҳукм ба анҷом расонида шуд» ва «Ҷарима-якуним танга» бозидааст.
Неъматҷон Дӯстматов ба ҷуз нақшофарӣ инчунин сароянда ҳам ҳаст. Сурудҳои «Ватан», «Замин», «Андеша кун», «Ҷони ширин», «Занге надорад», «Клуб-клуб», «Духтари моҳпора», «Эй ҷони ман асират», «Лаби нӯш»-ро бо маҳорати баланд сароидааст.
Ба муносибати 80-солагии ин ҳунарпеша ва сароянда кормандони шуъбаи китобҳои санъат Осимова Дилором ва Тошматова Муқаддас санаи 10-уми апрел дар толори Китобхонаи факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо иштироки донишҷӯёна дар мавзӯи «Созу навои дилписанд» суҳбат оростанд.
Китобдор Осимова Дилором ва устоди факултаи санъат Маҳками Баҳриддин аз ҳаёту эҷодиёти ҳунарпеша ба донишҷӯён маълумот доданд. Донишҷӯи соли дуюми таҳсили факулта Раҳмонов Хайрулло дутор навохта, сурудҳои Неъматҷон Дӯстматовро замзама кард. Дар поёни маҳфил китобдори факултаи санъат Маҳбуба Мӯминова аз ҳунари нақшофарӣ ва сурудхонии ҳунарпеша изҳори назар намуд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ