Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

“БОҚИНОМА”-ЁДНОМАИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА / 09.04.2018

Вақт падидаи идоранашавандаи ҳаёти инсон аст, ки муҳлату муддати кору зиндагии моро муайян месозад. Барҳам задани вақт, яъне аз чаҳорчӯбаи соат берун рафтан ба инсонҳое муяссар мегардад, ки дар ҳаёт худро бо афкору осори инсонгароёна ба офтоб табдил дода бошанд. Яке аз чунин хуршедномҳо Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода (1910-1980) мебошад, ки дар замони зиндагӣ бо шеърҳои содаву равон, табъу табиати шӯх ва ҳазлу ҳаҷви намакин ҳамчун шоири воқеан дӯстдоштаи халқ эътироф шудааст.

Ба насли даврони Истиқлолият ошно кардани номи ӯ барин номоварони адабиёти муосири тоҷик вазифаи адабиётдӯстону муҳаққиқони соҳаи суханшиносӣ мебошад. Чунин иқдоми наҷибро дар гиромидошти ёду номи Боқӣ Раҳимзода яке аз дӯстдорони шеъру сухан номзади илмҳои педагогӣ  Фирӯзаи Абдуқодир ба уҳда гирифта, маҷмӯаеро бо номи “Боқинома” фароҳам овардааст.

Китоби мазкур ба ифтихори 110-солагии шоир ба нашр расида, дар он навиштаҳо ва ёддоштҳои фарзонагони миллат Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Абдусалом Деҳотӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Раҳим Ҳошим ва аҳли адаби даврони Истиқлолият ҷойгир шудааст. Маводи китоби мазкур паҳлуҳои ҳанӯз ношинохтаи рӯзгор ва осори на фақат Боқӣ Раҳимзода, балки дигар адибони шинохтаи тоҷики даврони Шӯравиро барои хонандагони замони мо боз хоҳад кард. Ашъори самимонаи дар ёду ситоиши Боқӣ Раҳимзода навиштаи шоирон Гулрухсор, Раҳмат Назрӣ, Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Гурез Сафар ва ёднавиштаҳои Аскар Ҳаким, Абдунабӣ Сатторзода, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Рустами Ваҳҳобниё, Исфандиёри Назар, Абдулҳамид Самад, Атахон Сайфуллоев ва дигарон оинаи шахсиятнамое мебошад, ки  чеҳраи равшани ин адиби маъруфамонро пеши чашми аҳли назар бо тамоми паҳлӯҳо ба ҷилва меорад.

Ин китоб, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 320 саҳифа тавассути нашри “Адиб”-и пойтахт нашр шудааст, ҳамчун маводи хуби омӯзиши зиндагии шоир Боқӣ Раҳимзода барои хосу ом хизмат карда метавонад. Заҳмате, ки таҳиягар дар фароҳам овардани “Боқинома” кашидааст, қобили таҳсину пайравӣ мебошад. Илова бар ин ҳама заҳмат, таҳиягар Фирӯзаи Абдуқодир кори нағзи дигаре анҷом дода, китобро худ ба аҳли адаб ва китобхонаҳои кишвар, аз ҷумла ба Китобхонаи вилоятӣ шахсан тақдим намуд. Ин хизмати баризофаи ӯро маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ва китобдорону хонандагони он намунаи олии қадршиносии афроди барӯманд ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон дар таҳияву нашру дасраснамоии китоб мешуморанд ва ба ӯ миннатдориву сипосашонро баён медоранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ