АХТАРИ АВҶИ ҲУНАР/06.04.2018
Аҳли санъат, бавижа ҳунарпешаҳо, ки ҳастии худро барои офаридани нақшҳои ҷолиб дар саҳнаи театру кино бахшидаанд, воқеан ба ситораҳои дурахшон мемонанд. Ин ситораҳо офтобвор вуҷуди худро сӯхта, барои дигарон роҳ нишон медиҳанд. Яке аз чунин санъаткорон Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Тўйчиева мебошад.
Вай 15-уми марти соли 1953 дар деҳаи Ҷӯи Бодоми ноҳияи Ленин (аз соли 2003 инҷониб ноҳияи Рӯдакӣ) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1971 мактаби миёнаи № 62-и ба номи Герман Титовро дар зодгоҳаш ба итмом расонида, ҳамон сол ба факултаи санъати Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст.
Соли 1972 ҳамчун беҳтарин донишҷӯи соҳибистеъдод мавриди таваҷҷуҳи театршиносон қарор гирифта, таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии шаҳри Москва таҳти тарбияи устодони номӣ, санъатшиносон Олга Пижова, Михаил Чистяков, Николай Кафшов, Ирина Козляникова идома дода, онро соли 1976 бомуваффақият хатм карда, соҳиби дипломи ҳунарпешаи санъати саҳна гардидааст. Баъд аз хатм ба имрӯза Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба кор омадааст.
Аввалин нақши офаридаи ӯ дар саҳнаи театри мазкур Земфира аз намоишномаи «Лўлиён»-и Александр Сергеевич Пушкин мебошад.
Нақши дуюми Зулфия–Марям аз спектакли «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк» ниҳоят нафису романтикӣ ва рўҳбахшу ҷаззоб ба манзари назари тамошогарон расид. Ҳамин тариқ ҳаёт ва фаъолияти ҳунарии Зулфия Тӯйчиева ба шаҳри Хуҷанд пайванд ёфт ва дар муддати чандин соли фаъолияти касбӣ ба дили тамошобинон ҷой гирифт ва ҳамчун санъаткор дар байни ҳамкасбон пайдо кард.
Санаи 6-уми апрел бо мақсади бо хизматҳои шоистаи Зулфия Тӯйчиева ошно кардани ҷавонони санъатдӯст ва барои саҳмгузорӣ дар рушду вусъатбахшии ҷаҳонбинии фарҳангию маънавии ҷомеа китобдорони шуъбаи китобҳои санъати Китобхонаи вилоятӣ дар доираи маҳфили “Меҳмонхонаи мусиқӣ” чорабинии фарҳангиеро бо номи “Ахтари авҷи ҳунар” ташкил ва баргузор намуданд, ки дар он аҳли илму адаб ва ҳунар ширкат варзиданд.
Дар нутқу гузориш ва баромадҳояшон Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, ҳунарпешаҳои маъруф Сайрам Исоева, Каромат Ҳоҷиева, собиқадори соҳаи фарҳанг Алиҷон Бобоев, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилоят Абдуллоева Хуршеда, муовини директори Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ– Шералӣ Усмонов ва дигарон оид ба шахсият ва ҳунари нақшофарии Зулфия Тӯйчиева суҳбат карда, ӯро ҳамчун ҳунарпешаи дӯстдошта ва соҳибистеъдод ва намунаи ибрати насли нави санъаткорон баршумурданд.
Худи ҳунарпеша Зулфия Тӯйчиева дар ҳузури иштирокчиён ҳунарнамоӣ карда, нақши модари шоир Хоҷа Камолро аз намоишномаи “Дили шоир”-и Раҳим Ҷалил офарид.
Овозхонҳо Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо, Умарҷон Қобилов, Ҳалимҷон Салимӣ бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод гардониданд.
Намоиши видео-слайди инъикосгари зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Зулфия Тӯйчиева, ки аз тарафи корманди шуъбаи электронӣ Хокироев Аллоҳқул таҳия шудааст, диққати тамошобинонро ҳудуди даҳ дақиқа худ ҷалб кард.
Маҳфилро аз оғоз то поён сардори шуъбаи китобҳои санъат Умарова Машҳура сарбаландона бар уҳда дошт. Инчунин китобдорони шуъбаи мазкур бо ташкили намоиши кушоди китобиву матбуотӣ ва аёниятӣ маводи нодирро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ