САРДАФТАРИ СУХАНВАРОН / 05.04.2018
Бо оғозшавии фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон” китобдорони шуъбаҳои хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ шурӯъ аз 2-юми апрел намоиши кушоди китобие таҳти унвони “Китоб аз даст додан сустроист” ташкил карда, ҳамзамон бо ҷалби хонандагони доимӣ ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр маҳфилҳои адабӣ баргузор намуда истодаанд.
Ба ҷашни 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ рост омадани фестивали ҳамасолаи мазкурро ба инобат гирифта, китобдорони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ бо ҳамдастии китобхона-филиали №6 маҳфили адабие бо номи “Сардафтари суханварон” доир карданд.
Дар ин маҳфил талабагони МТМУ № 23 шаҳри Хуҷанд нахуст бо китобҳои намоиш ошно шуда, аз гузоришҳои судманди китобдорон, суҳбати пурмуҳтавои директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов ва омӯзгорони худ баҳравар гашта, дар навбати худ аз асарҳои Садриддин Айнӣ порчаҳои манзуму мансур қироат намуданд.
Дар интиҳо слайди ҷолибе, ки ифодагари рӯзгору осори Қаҳрамони Тоҷикистон буд, ба намоиш гузошта шуд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ