КИТОБ АЗ ДАСТ ДОДАН СУСТРОИСТ / 04.04.2018
Чи тавре Шайх Саъдии бузургвор мефармояд, “Китоб аз даст додан сустроист”. Яъне китобро аз даст гузоштан, худро аз китоб ё китобро аз худ дур намудан далели сустиву заъфи инсон аст. Зеро инсонро ба камоли маънавӣ танҳо мутолиаи асарҳои бузурги адибону мутафаккирон расонида метавонад. Аз ин рӯ, дар рӯҳияи китобдӯстӣ тарбия кардани насли нав яке аз вазифаҳоест, ки барои дар амал татбиқ шудани он ҷомеаи шаҳрвандии кишвар баробар талош варзида, саҳми худро гузоранд.
Санаи 3-юми апрел дар саҳни ошёнаи сеюми Китобхонаи вилоятӣ китобдорони толори кӯдакону наврасон ва дигар шуъбаҳои хизматрасонӣ ба муносибати “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”-и Тоҷикистон” намоиши кушоди китобӣ ташкил карда, дар он китобҳои барои тарбияи насли наврас заруриро ба маърази тамошо ва баҳрабардорӣ гузоштанд.
Китобҳои афсонаҳои халқи тоҷик ва дигар халқҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки дар гӯшаи алоҳида ба намоиш гузошта шудаанд, аз ғанӣ будани махзани толори кӯдакону наврасон дарак медиҳад. Ҳамарӯза аз ин намоиш на фақат хонандагони синфҳои поёнӣ, балки толибилмону донишҷӯён низ баҳраманд гардида, бо завқу шавқ азашкили ин намоишро ба аҳли оила, хусусан ба додарчаҳою хоҳарчаҳояшон мужда мерасонанд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ