Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

ТАҶЛИЛ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲО / 20.03.2018

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Китобдори китобхона-филиали №19 бо мураббиёни Кӯдакистони №28 санаи 19-уми март маҳфили муштараки наврӯзӣ барпо карда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо ташкили намоиши хони ҳафтсину ҳафтшин, нақлу ривоятҳои ҷолиб дар бораи Наврӯзу баҳор ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовар дар ташаккулдиҳии ҷаҳонбинии милли насли наврас саҳм гузоранд.

 

ПАНҶАКЕНТ

Наврӯз барои китобдорони Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент имсол хеле бобарор омад. Онҳо баъди анҷоми корҳои сохтмони бинои нав ба ороишу зеббахшии он пардохтанд. Дар корҳои ҷобаҷогузории махзани китобӣ, ташкили гӯшаҳои кушоди намоиши китобиву матбуотӣ, интихоби матни лавҳаю шиору овезаҳо, иқтибосҳо ва дигар корҳои илмӣ-методӣ ба онҳо директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов ёрӣ расонида, барои дар сатҳи баланд омодагирии онҳо ба ҷашни Наврӯз мусоидат кард.

 

ХУҶАНД

Китобдорони китобхона-филиали №1 шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони фанни таърихи санаи 17-уми март барои дар сатҳи баланд доир шудани ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар МТМУ №22 саҳм гузоштанд. Онҳо ба ҷуз намоиши китобу мероси таърихӣ дастгоҳҳои бофандагӣ ва ресандагиро ба намоиш оварданд, то завқи хонандагонро ба касбу ҳунарҳои мардумӣ бедор созанд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, фаъолони соҳаи маориф ва фарҳанг, хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии номбурда ширкат варзиданд.

Ба ин монанд чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ташкил ва баргузор шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ