НАВРӮЗИ КИТОБДОРОН /20.03.2018
Санаи 20-уми март дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо ширкати китобдорону фарҳангиён маҳфили идонаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид. Маҳфилро ровиён – сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Ноил Шомухадаминов ва сардори шуъбаи санъат Машҳура Умарова ҳусни оғоз бахшида, ҳамкорон ва меҳмононро ба ин муносибат табрик гуфтанд. Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов бо фарорасии ҷашни Наврӯз китобдоронро таҳният гуфт.
Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов ба сухан баромада, баъд аз сухани табрикӣ барои саҳмгузории арзанда дар пешбурди фаъолияти фарҳангиву маърифатӣ, тарғиби ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ байни мардумони гуногун, таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ ва такомули дипломатияи ҷамъиятӣ Ифтихорномаҳои ҶДРФТ-ро ба директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов ва сардори шуъбаи табъу нашр Шарифов Шодиқул супорид.
Китобдорон дар ҳайати дастаҳои “Бойчекак”, “Марворид”, “Фарвардин” байни ҳам сабқат варзида, ҳунари шеърхонӣ, ҳозирҷавобӣ, кадбонугӣ ва нақшофарияшонро нишон доданд. Дастаи “Марворид” саҳнаи зебои “Домоду арӯс”-и наврӯзиро хеле ҷолибу мароқангез ба намоиш гузоштанд. Бояд қайд кард, ки дар таҳияи лоиҳаи озмуни идонаи китобдорон саҳми кормадони шуъбаи илмӣ-методӣ зиёд аст.
Кормандони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳам, ки ба маҳфили идона пайвастанд, ба рафти он баҳои баланд доданд. Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев дар сухани табрикӣ нақшбозиву ҳунарнамоиҳои китобдоронро далели завқи баланди зебоипарастии онҳо дониста, таманно кард, ки чунин фазои солими ҳамкорӣ дар байни китобдорон то охири сол идома хоҳад кард.
Дар сатҳи шоиста баргузор шудани оинҳои наврӯзӣ, хусусан ба ҳамдигар шодибахшиву нишотоварии китобдорон аз он дарак медод, ки ҷашни Наврӯз – ҷашни некиву накӯкорӣ, инсондӯстиву ғамхорӣ ба якдигар аст.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ