Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ШАРАФ БА АҲЛИ ҚОНУНУ АДОЛАТ / 14.03.2018

Ба намоиш гузоштани китобҳо аз усулҳои хубу самаранокест, ки китобдорон дар самти ташвиқу таблиғи ҳаматарафаи сиёсати фарҳангиву иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ мекунанд.

Шуъбаи толори хониш, ки ҳамарӯза пур аз истифодабарандагони доимист, макони мувофиқи баргузории чунин намоишҳо мебошад. Бо ба назар гирифтани ҳамин серхонандагӣ китобдорони шуъбаи толори хониш ва матбуоти даврӣ аз санаи 12-ум то 14-уми март бахшида ба Рӯзи кормандони Прокуратура намоиши кушоди китобиву матбуотӣ ташкил карданд, ки аз он истифодабарандагон ба таври васеъ истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқияшон замина фароҳам оваданд.

Дар намоиш китобҳо ва мақолаҳои зерин аз рўзномаю маҷаллаҳо гузошта шуданд:

КИТОБҲО:

* Маҳмудов, Махкам. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон [Матн] /Махкам Маҳмудов, Бахтиёр Худоёров. – Душанбе: Эр-граф, 2008.– 320 с.

* Раҳматуллоев, А. Низом ва шакли мурофиавӣ-ҷиноятии амалҳои тафтишотӣ [Матн] /А.Раҳматуллоев, А.Сангинов. –Хуҷанд: Меъроҷ, 2001.–172 с.

* Криминология: Мафҳумҳои асосӣ дар нақшаҳои айёнӣ [Матн]: Дстури таълимӣ / Мурат. Комилҷон Пўлотов.– Хуҷанд, 2010.–32 с.

* Раҳматулоев, А. Мурофиаи ҷиноятӣ [Матн]: Китоби дарсӣ / А. Раҳматуллоев.–Хуҷанд: Хуросон, 2016.–632 с.

* Қобилов, Ботурхоҷа.  Азназаргузаронии ҷои ҳодиса [Матн] / Ботурхоҷа Қобилов.– Хуҷанд: Ношир, 2012.- 148 с.