Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

15.05.2017. ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОИЛА

Китобдорони китобхонаҳо-филиалҳои тобеи Китобхонаи вилоятӣ бо муассисаҳои соҳаҳои дигар, аз ҷумла бо муассисаҳои соҳаи маориф ва илм робитаву ҳамкории устувор дошта, баъзе чорабиниҳоро муташаккилона барпо мекунанд. Ин навбат санаи 15-уми май китобдорони китобхона-филилаи №6 бо ҳамкории Кумитаи маҳаллаи ҷамоати Унҷӣ, МТМУ №28-и ноҳияи Б.Ғафуров бахшида ба Рӯзи Оила дар тарабхонаи «Хушбахтӣ» вохӯрӣ ва суҳбатро бо ҷалби оилаи намунавӣ, ки аз бунёдёбиаш 55 сол сипарӣ мешавад, доир намуданд. Дар ин чорабинӣ сокинони маҳаллаи Қишлоқи Ҷони ҷамоати Унҷӣ, хешу пайвандони онҳо, ҳамчунин омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии номбурда иштирок доштанд.

Аз кумитаи ҷамоати Унҷии маҳаллаи Қишлоқи Ҷон оилаи Охунҷоновҳо  Ҳоҷӣ Исмоилҷон ва Ҳоҷиоя Очаойхон ба маҳфил даъват шуданд. Онҳо соҳиби 5 фарзанду  14 набера 16 абера мебошанд. Фарзандонашон соҳиби маълумот буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат доранд. Ҳоҷӣ Исмоилҷон дар хоҷагии ба номи Ӯрунхуҷаев ҳамчун ҳисобчӣ кор карда, туфайли меҳнати ҳалолу софдилонааш соҳиби обрӯю иззат гардидааст. Ҳоҷиоя Очаойхон ҳам солҳои тӯлонӣ дар бригадаи №19-уми хоҷагии мазкур меҳнат карда,  ҳоло дар нафақа мебошанд.

Ин ду пири рӯзгордидаву ботаҷриба, ки ҳамчун дарахти сершоху баргу ва тановар соя бар сари фарзандону наберагон андохта, давлати пирӣ меронанд, суҳбатҳои ширине аз даврони ҷавонӣ, навхонадорӣ, мушкилоти рӯзгору роҳи ҳалли онҳо намуда, нақлҳои аҷиб аз зиндагии воқеӣ оварда, барои иштирокчиёни чорабинӣ гӯё дарси ибрат гузаштанд. Раиси ҷамоати деҳоти Унҷӣ Ҳоҷибоев  Б., сарвари  МТМУ№28  Самебоева М., китобдори дараҷаи якуми китобхона-филиали №6  Норматова С., ҳамчунин фарзандону пайвандони ин оилаи хушбахт низ бо навбат суханронӣ карда, мулоҳизаҳояшонро дар мавриди оиладорӣ ва ҳифзи он аз вайроншавӣ иброз доштанд.

Китобдорони китобхона-филиали №6 дар ҳошияи ин чорабинӣ намоиши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони «Оила–пойдевори ҷомеа»  ташкил карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маҳфили вохӯрӣ бо сурудхонии  сарояндагони ҷамоати деҳоти Унҷӣ  ҳусни хотима пазируфт.

Ба ин монанд чорабинӣ санаи 15-уми май таҳти шиори «Оилаи мустаҳкам – ҷомеаи мустаҳкам» бо ташаббуси китобдорони китобхона-филиали №1 дар толори МТМУ №22 шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки дар он оилаи намунавӣ сокинони маҳаллаи 18-ум Нозимов Акбархӯҷа ва Нозимова Тӯтинисо  даъват шуданд.  Дар ин маҳфили вохӯрӣ, директори муассисаи номбурда Саидова Зебинисо ҷонишини директор оид ба корҳои таълим Дӯсматова Фотима дар мавзӯи оила ва оиладорӣ суҳбат карданд. Хонандагон дар ситоиши модар, падар, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат карданд. Суруди «Модари ҷон»-ро хонандаи синфи 10«а» Шодиев Фирдавс бо маҳорат иҷро намуд. Саҳнача бо номи «Оилаи дорои замонавӣ» бо иштироки хонандагони  синфҳои 9-10  намоиш дода шуд.

Китобдори дараҷаи I Ҳайдарова Замира хулосаи китобшиносии фарогири адабиёти марбут ба оила ва оиладориро ба самъи иштирокчиён расонид. Дар ҳошияи ин чорабинӣ дастранҷи рассомони наврас дар мавзӯи «Оилаи мо, беҳтарин», «Оила аз  муҳаббат устувор аст» ба намоиш гузошта шуд.

Бахши аз ҳама ҷолибу пураҳамияти чорабинӣ бахши саволу ҷавоб дар мавзӯи оиладорӣ бо иштирокчиён буд, ки директори Маркази рушди дарёфт ва истеъдоди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Бақосова Насибахон доир бо занону духтарон ташкил кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ