НАМОИШИ МАТБУОТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ / 09.03.2018
Санаи 9-уми март дар шуъбаи матбуоти даврӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик силсиланамоиши кушоди матбуотӣ таҳти унвони «Матбуот– инъикосгари ҳаёт» ташкил карда шуд, ки аз он алоқамандон самаранок истифода бурданд. Инчунин, китобдори шуъба Садриддинова Замира аз мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Илм ва ҳаёт», «Масъалаҳои маориф», «Паёми Суғд», «Садои шарқ» ва дигар рӯзномаҳо ба донишҷӯён иттилоъ дода, диққати онҳоро бештар ба навидҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва навовариҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ҷалб намуд.
Мақолаҳое, ки дар онҳо аз таърихи Рӯзи матбуот маводу маълумотҳои ҷолибу нодир дарҷ шудаанд, ба намоиш гузошта шуд, ки номгӯйи чанде аз онҳо ба таври зайл аст:
- Шоҳинбод, Н. Андешаҳо дар остонаи рӯзи матбуот [Матн] / Н. Шоҳинбод // Баҳори аҷам.–2017.–7 март.– С.3.
- Содиқова, Г. Матбуот довари ҳақшинос аст [Матн] / Г. Содиқова // Бонувони Тоҷикистон.–2014.–№3.– С. 8-9.
- Низомӣ, М. Зиндагии дубораро сарфи касбаш мекунад [Матн] / М. Низомӣ // Тирози ҷаҳон.–2017.–11 март.
- Мӯсоев, А. Саҳифаи рӯшнои корнамоиҳои бузург [Матн] / А. Мӯсоев // Адабиёт ва санъат.–2017.–8 март.–С.3.
- Одилов, К. Матбуот - ҳукумати чаҳорум [Матн] / К. Одилов
//Молия ва ҳисобдорӣ.–2014.–№3.–С.25.
- Гулзод, С. Мароми матбуот созандагист [Матн] / С. Гулзод
// Ҷумҳурият .–2017.–10 март
- Ҳомид, Ҳ. Умре бо қалам [Матн] / Ҳ. Ҳомид //Омӯзгор.–2017.– 17 март.
- Азимов, А. Аз журналист то журналист [Матн] / А. Азимов //Илм ва ҳаёт.–2015.–№1.–С.3-5.
- Бобоҷониён, А. Дирӯз ва имрӯзи иди мо [Матн] / А. Бобоҷониён //Сухани халқ.–2017.–8 март.
- Муродӣ, М. Матбуоти даврӣ дар шароити рушди технологияи замонавӣ [Матн] /М. Муродӣ // Илм ва ҳаёт.–2017.–№1.–С.1-4.
- Рустамзода, М. Рӯзноманигорони муаллим [Матн] / М. Рустамзода // Маърифати омӯзгор .–2017.–№3.–С.8-11.
- Наҷмиддин, И. Матбуот ва ҷомеа [Матн] / И. Наҷмиддин
// Ҳақиқати Суғд.–2017.–11 март.