Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

РӮЗИ МОДАР ДАР КИТОБХОНАҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО / 09.03.2018

Бобоҷон Ғафуров

Китобдори китобхонхона-филиали №19 ноҳия барои хонандагони МТМУ№76 намоиши китобӣ таҳия карда, санаи 7-уми март дар ҷолибу самарабахш баргузор шудани конференсияи хонандагон саҳм гузошт. Духтарони синфҳои 9, 10, 11 ҳосили ҳунарҳои дастиашонро барои ҳаммактабиёни хурдсоли худ ба намоиш гузоштанд. Хонандагони синфҳои поёнӣ аз намоиши китобӣ ва ҳунарҳои дастӣ баҳравар шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли конференсия, ки шеъру гуфторҳо дар васфи Модар қироат карданд, туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Гулистон

Санаи 2-уми март китобдорони Китобхонаи марказӣ ва Китобхонаи бачагона дар ҳамкорӣ бо фарҳангиёни шаҳр Рӯзи Модар дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намуданд. Китобдорон намоиши кушоди китобӣ ва матбуотӣ ташкил карда, ҳатто ҳамроҳ бо хонандагони фаъол дар саҳначаи “Модарро ҳеч кас иваз карда наметавонад” ширкат варзида, бо ин рафтори худ ба наврасон дарси зебоиписандӣ ва маърифатдӯстӣ доданд. Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи фарҳанг Баракаев Тоҳир, китобдорон Султоналиева Ширинмоҳ, Дадоматова Гуландом, Баҳриддинова Рухшона, хонандаи фаъоли китобхона Исмоилова Нурия, сарояндагон Назирбоева Абдуқаҳҳор, Шамсиева Шоҳрух, Эркаев Шоҳраҷаб, омӯзгори фанни математикаи мактаб-гимназияи ба номи Бобоҷони Ғафуров – Қодирова Дилафрӯз баромаду сухаронӣ ва сурудхонӣ карданд.

Панҷакент

Ба ин муносибат дар толори китобхона-филиали бачагонаи №1 шаҳр китобдорон чорабинӣ ташкил карда, хонандагони синфҳои поёнӣ, собиқадорони соҳаи китобдорӣ ва намояндагони ҷамоатро даъват намуданд. Китобдорон лавҳаҳои китобхонавиро, ки бахшида ба мавзӯи Модар омода карда буданд, бо китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта, шеърхонии наврасонро мавриди санҷишу баҳогузорӣ қарор доданд. Мудир ва китобдори китобхона-филиали мазкур Собирова С. Ва Раҳмонова М., раиси маҳаллаи “Шодиёна” Раҷабова М., собиқадори соҳаи китобдорӣ Исмоилова Б., китобдори китобхона-филиали №3 Мирзоева М., хонандагони фаъол дар чорабинӣ бо суҳбату гузоришҳои судманд, шеърхонӣ ширкат варзиданд.

Спитамен

Дар толори Литсеи касбӣ-техникии ноҳия китобдорону омӯзгорон маҳфили муштарак ташкил ва баргузор намуда, дар он озмунҳои “Дастони боҳунар” (байни духтарон),  “Мусаввири наврас” (байни синфҳои поёнӣ)-ро натиҷагирӣ карданд. Китобдори китобхона-филиали №10 Бойсунбоева О. бо хонандангони синфҳои 6 ва 7 МТМУ№5 дар мавзӯи модар суҳбат ва шеърхонӣ ташкил кард.

****

Чунин чорабиниҳо дар китобхонаҳои дигар шаҳру навоҳии вилоят бо ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа барпо шуда гузашт. Китобдорон дар ин гуна маҳфилҳо кӯшиш ба харҷ доданд, ки бонувони собиқадори соҳаи китобдориро барои қадршиносӣ ва маслиҳатпурсӣ ҷалб намоянд, то дар ҳузури насли наврас аз арзишу мақоми китобу китобхона ва китобдор суҳбатҳои самимиву пуртаъсир доир созанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ