Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

МОДАР–САРЧАШМАИ ҲАЁТ / 07.03.2018

Бо ташаббуси кормандони китобхона – филиалҳо  бахшида ба Рӯзи Модар маҳфили адабӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи «Модар – сарчашмаи ҳаёт»  доир гардид. Чорабиниро баъди баҳрабардории умум аз намоиши китобӣ ва ҳунарҳои мардумӣ китобдори китобхона-филиали №3 Ҳайдарова Гулчеҳра ҳусни оғоз бахшид. Раиси Шӯрои занони маҳаллаи Навбаҳор–Қодирқулова Гуландом ҳамаи бонувонро ба Рӯзи Модар табрик гуфта, дар зиндагӣ ва кору фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуд.  

Порча аз шеъри «Дасти дуои модар»-ро китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда қироат кард. Бо номи «Аз дуоят нур борад рӯи роҳам, модарам» китобдори китобхона-филиали №2 Малика Қосимова шунида шуд. Шеър, гуфторҳо дар ситоиши модарро китобдорон Зоҳидова Замира, Почоева Саодат ва хонандагони фаъоли китобхона-филиалҳо ба самъи иштирокчиёни расониданд.

Ҳунарманд ва омӯзгори Хонаи маданияти №2 Раҳматова Нигина дар бораи касби дӯзандагӣ ва маҳорати санъати рақс бо дастпарварони худ суҳбат кард.  Китобдорон китобхона-филиалҳо Ҳайдарова Замира, Ҷӯраева Умеда ва Почоева Саодат  “Насиҳат” ном саҳначаро ба намоиш гузоштанд. Китобдори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Оқилҷонова Мунира табрикоти маъмурияти Китобхонаи вилоятиро ба китобдорону иштирокчиён расонид. Ҳунарнамоии доирадаст Мунавваров Мирзоаббос хонандаи МТМУ №22 ва табрикоти собиқадори соҳаи китобдорӣ Шокаримова Ҳоҷинисо ва китобдори шуъбаи матбуоти даврӣ Ибодуллоева Раъно хотири аҳли нишастро боз ҳам шодтар кард. Китобдор Солиева Гулчеҳра дар охири маҳфил ба меҳмонон ва хонандагони фаъол бо изҳори миннатдорӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ