Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ОШНОИИ НАВРАСОН БО КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 03.03.2018

Китобро, Артур Шопенҳауер– андешаманди олмонӣ, хотираи коғазии инсоният номидааст. Бар асоси ин тамсил китобхонаро метавон ҳофизаи коғазии башарият ном гузошт, ки дар он таъриху фарҳанги қавмҳои олам аз оғоз  то имрӯз ба сурати маълумот ҷо шудааст. Аз ин ҷиҳат китобхонаҳо ба осорхонаҳо монанданд. Гурӯҳ-гурӯҳ ба китобхонаҳо барои тамошо ва шиносоӣ омадани наврасон ин гуфтаро тақвият медиҳанд.

 

Санаи 24-уми феврал аз МТМУ№14 деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов як гурӯҳ мактаббачаҳо ба Китобхонаи вилоятӣ омада, танҳо бо фаъолияти толори кӯдакону наврасон шинос шуда рафтанд. Аз мактаби мазкур санаи 3-уми март боз 68 нафар хонандагони синфи 4 бо роҳбарии омӯзгорон Муллоқулова Майсара ва Акилова Нигина ба китобхонаи вилоятӣ омаданд. Онҳоро сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳошимова Мунаварра роҳбаладӣ карда, бо шуъбаҳои хизматрасонӣ, электронӣ, китобҳои тибб, санъат, матбуоти даврӣ шинос кард.

Хонандагон, ки бори аввал ба Китобхонаи вилоятӣ омада буданд, бо завқ ба суханҳои роҳбалад гӯш дода, аз имкониятҳои хуби китобхона, муомилаи хуби китобдорон ва дараҷаи баланди хизматрасонӣ огоҳӣ пайдо карданд.
Маводи намоиши кушоди китобиву матуботӣ, ки аз оғози моҳи феврал инҷониб дар ошёнаи якум ташкил карда шудааст, диққати аксари хонандагонро ба худ ҷалб кард. Аз чеҳраҳои онҳо хурсандиву шодии ботиниашонро дарк кардан мумкин буд. Омӯзгорон ҳам аз ин иқдоми худ қаноатманд буда, мехостанд, ки шогирдонашон бештар дар бораи Китобхонаи вилоятӣ маълумот пайдо намоянд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ