Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ҲАДЯ АЗ БЕЛОРУСИЯ / 26.02.2018

Ба махзани тилоии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия бо нома ва имзои директори муассисаи давлатии “Нашриёти “Энсиклопедияи белорусии ба номи Петруся Бровки”” В.В. Андриевич панҷ нусха китоби “Сусветная спадчына Францыска Скарыны”(“Мероси умумиҷаҳонии Франсиско Скорини”) ҳамчун ҳадя ворид шуд. Китоби мазкур, ки дар озмуни байналмилалии “Санъати чопи китоб” барандаи Гран-при шуд, аз тарафи нашриёти ёдшуда ба муносибати 500-солагии нашри чопии китоб дар Белорусия мунташир гашта, тибқи шартномаи байналхалқии №94 ройгон ба китобхонаҳои ҷаҳон ирсол гардидааст, аз он ҷумла ба Китобхонаи вилоятӣ. 

Ин маънои онро дорад, ки Китобхонаи вилоятӣ дар миқёси ҷаҳон ҳамчун китобхонаи марказии вилояти Суғд ва яке аз китобхонаҳои шинохтаи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Масъулини Китобхонаи вилоятӣ низ тибқи шартнома аз дастрас гаштани китоб ба унвонии ирсолкунандагон маълумотнома фиристода, зимнан аз ҳусни ҳамкорӣ ба бародарони белорусӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ