Ин ҳақиқат аст, ки тоҷикон дар миёни қавмҳои Осиёи Марказӣ қавме комилан соҳибреша буда, аҷдоди қадимтарини ҷамъияти бумии он мебошанд. А.А. Семенов. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.67

17.05.2017. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН АЗ АКСИЯИ «БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!»

Дар аксар кишварҳои пешрафтаи олам ниҳоду мақомоти масъул ба китобу китобхона ва китобхонии аҳолӣ диққати махсус медиҳанд. Зеро насли солиму доно маҳз дар заминаи мустаҳками иқтисодӣ ва маънавӣ тарбия ёфта, шахсияти худро ба камолот мерасонанд. Хушбахтона, дар кишвари рӯбатараққии мо низ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ на фақат ба китобу китобхона ва китобхонии аҳолӣ, балки ғамхории бевосита ба қишри ҷавони ҷомеа низ зоҳир мешавад.  Чорабиниҳои дар давоми чору ним моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ, ки дар ҷумҳурӣ бо иштироки наврасону ҷавонон дар сатҳи баланд доир гардид, далели ин гуфта шуда метавонад.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои бахшида «Соли ҷавонон» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 17-уми май Рӯзи китобхонаҳо таҳти унвони «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан»-ро дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор кард. Дар ин замина Аксияи ҷавонон зери шоири «Биёед, китоб мехонем» ҳам ташкил дода шуд.

Аз рӯи нақшаи сафарбарнамоӣ соати 830 хонандагону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд бо устодону роҳбарони худ ба китобхона ҳузур оварданд. Дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироку суханронии директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Б., сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, сармуҳаррири рӯзномаи «Оламоро»  Раҷабзода Н., мушовири китобдорони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Набиева З.  чоарбинии оммавии мазкур ифтитоҳ ёфта,  ҳамчунин озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон», ки дар ду давр  бо иштироки хонандагони 38 муассисаи таълимӣ доир гашта буд, натиҷагирӣ шуд. 

Аз рӯи натиҷагириҳои ҳакамони озмун Ҳошимова Меҳринисо (хонандаи синфи 8-и литсейи №1), Зарипова Мадина (хонандаи синфи 10-и гимназияи №24), Зарипова Манижа (хонандаи синфи 7-и мактаби хусусии «Файз»),  Раҷабова Гулсара (хонандаи синфи 10-и МТМУ №16), Каримова Меҳрангез (хонандаи синфи 8-и ЛДП), Шораҷабов Некрӯз (хонандаи синфи 9-и гимназияи №1), Шарифова Фирӯза (хонандаи синфи 8-и МТМУ №10), Маҳмудов  Муталлиб (хонандаи синфи 11-и МТМУ №27), Иброҳимзода Маҳастӣ (хонандаи синфи 7-и мактаби «Ирфон») ҳамчун аз беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин Раупов Ҷаҳонгир (хонандаи синфи 8-и МТМУ №3), Саиднабиева Маҳинахон (хонандаи синфи 9-и МТМУ №11), Самарова Нигорахон (хонандаи синфи 8-и МТМУ №19),  Ашӯрова Дилноза (хонандаи синфи 9-и мактаби «Паймони азизон») низбарои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо диплом ҳавасманд карда шуданд.

Сипас, ғолибони озмун, ҳамсинфону шарикдарсони онҳо аз намоиши кушоди китобӣ-матбуотии дар саҳни ошёнаи якуми Китобхонаи вилоятӣ ташкилгардида, слайдҳои ҷолиб баҳравар гардиданд. Онҳоро ҳангоми боздид аз шуъбаҳои Китобхонаи вилоятӣ китобдорон Ҳамробоева М., ва Ҳошимова М. роҳнамоӣ карда, бо асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷии мавҷуд дар махзани шуъбаҳо ошно карданд.

Аз соати 1000 донишҷӯёну омӯзгорони факултаҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва аз 1100 донишҷӯёну устодони ДДҲБСТ ба китобхона омада, бо китобҳои марвиди намоиш ошно шуда, ҳамзамон байни якдигар дар мавзӯи аҳамияти мутолиаи асарҳои бадеӣ ва илмӣ мубоҳиса намуданд.

Баъд аз нисфирӯз гурӯҳи донишҷӯён аз Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникаии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба навбат аз намоиши кушоди китобӣ-матбуотӣ, слайдҳои ҷолиб баҳраманд шудаанд.

Баргузории ин чорабинии оммавӣ дар соли таърихии ҷавонон нишон медихад, ки ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва китобхона дар шароити имрӯзии вазъи сайёра аз муҳимтарин тадбирҳост, ки ба таври шоиста амалӣ гардида истодааст.

Дар Китобхонаи вилоятӣ, дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон ҷамъбаст шудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин хонандаи китобхон», Аксияи «Биёед, китоб мехонем!» ҳам далели ҳамкории китобдорону омӯзгорон, фарҳангиёину зиёиён дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавияти насли наврасу ҷавони кишвар мебошад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ