Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

ҶАШНИ 90-СОЛАГИИ ТАБИБИ ҲОЗИҚ / 23.02.2018

Хушбахтии инсон дар ҷомеа пеш аз ҳама ба тандурустиву саломатии равонӣ вобаста мебошад. Агар фард дар ҷамъият солиму бардам бошад, донишу таҷриба ва малакаи касбиву эҷодияшро ба манфиати халқу давлат самаранок истифода бурда, ҳамчун шаҳрванди номовару шуҳратёр байни мардум маҳбубият пайдо карда метавонад. Саҳми табибону шифокорон ҳамчун ҳомии тандурустиву саломатии мардум дар ин самт зиёд буда, дар байни мо зиндагӣ ва фаъолияти пурсамар бурдани ворисони арзандаи Абӯалӣ ибни Сино на фақат далели саломативу бардамии ҷамъият, балки мояи ифтихору сарбаландиямон ҳам аст.

Яке аз чунин синопешаҳои маъруфу шинохтаамон доктори илмҳои тибб, профессор Холматов Исроил Бобоҷонович мебошанд, ки тайи 63 сол инҷониб дар муолиҷа ва пешгирии бемориҳои гӯшу гӯлу ва бинӣ ҳамчун табиби донишманд, ҷарроҳи сабукдаст, тарбиятгари шогирдони болаёқату истеъдод, бунёдгузори мактаби миллии оториноларингология, олими пуркору сертаълиф, асосгузори якчанд марказҳои махсуси соҳавӣ саҳми арзандаи худро дар тандурустии халқ, ки сарвати бебаҳои давлат аст, гузошта меоянд. Варақгардонии зиндагиномаи ибратбахш ва фаъолияти касбӣ, таълимиву илмии намунавии ин табиби соҳибном касро воқеан ба ҳайрат мегузорад.
Холматов Исроил Бобоҷонович аввал дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) таҳсил карда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 1950 бо муваффақият хатм намуда, баъди таҷрибаомӯзӣ  баробари муолиҷаи беморон ҳамчун асисенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯву бинии Донишгоҳи мазкур ба фаъолияти илмӣ машғул шуда, дар синни 28-солагӣ дар мавзӯи «Таъсири бемориҳои шадиди роҳи нафас ба фаъолияти меъда» рисолаи номзадияшонро ҳимоя карданд. Баъд аз 18 соли фаъолияти муолиҷавию таълимӣ ва илмӣ соли 1972 ба дифои рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Шинохти аудиологии навъҳои гуногуни ношунавоӣ ва хусусиятҳои онҳо дар байни аҳолии Тоҷикистон» ноил гаштанд. Ин буд, ки соли 1968 ҳамчун дотсент, соли 1972 профессори кафедраи номбурда таъин шуда, минбаъд низ дар ин самт ба таълифи зиёда аз 200 номгӯ мақолаву рисолаҳои илмӣ, дастуру раҳнамоҳои соҳавӣ барои донишҷӯёну шифокорон муваффақ шудаанд, ки ин аз ҳама аз ҳисси инсондӯстиву ғамхорӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ доштанашон дарак медиҳад. Зеро ҳеч як инсон бидуни чунин хислатҳои зотии ба виҷдону имон алоқаманд шахсияти худро ба дараҷаи фардият расонида наметавонад. Таҳти роҳбарии профессор Холматов Исроил Бобоҷонович 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карда, ҳамаи онҳо ва дигар табибони олим дар марҳалаи докторантӣ пайваста аз маслиҳатҳои муфиди эшон, ки узви Шӯрои махсуси дифои дараҷаи илмӣ оид ба оториноларингологияи ДДДТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳам ҳастанд, баҳраманд мегарданд.

Соли 1975 вақте дар назди Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 маркази беҳтарсозии шунавоӣ таъсис ёфт, ин табиби ҳозиқро роҳбари он таъин карданд, ки ин вазифаро то соли 1993 бар уҳда доштанд. Соли 1993 ба ҳайси мудири кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯву бинии филиали Хуҷандии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аз соли 1997 то соли 2008 ҳамчун мудири курс, профессори курси бемориҳои гӯшу гулӯву бинии шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон дар вилояти Суғд  фаъолият бурда, барои баланд бардоштани донишу таҷрибаи табибон мусоидат намуданд.

Соҳаи асосии тадқиқоти шифокори ғамхор, олими варзида ба масъалаҳои мухаффафии ҳалқ ва роҳи нафас, касалиҳои гӯшу гулӯву бинӣ дар шароити камоксигенӣ, таснифи клиникавию аудиологии навъҳои гуногуни ношунавоӣ ва гаронгӯшӣ дар муҳити Тоҷикистон, табобат бо усули ҷарроҳии барқарорсози шунавоӣ, нуқси гӯш, касалии менъера нигаронида шуда, дар заминаи таҷрибаи амалии ғанӣ, дониши назарии фарохи профессор Холматов Исроил Бобоҷонович ва мутахассисони мактаби эшон дар шуъбаҳои оториноларингологияи муассисҳои вилоят усулҳои нави ташхису муолиҷа ва ҷарроҳиҳои муосир барои табобати бемориҳои пастии шунавоӣ, илтиҳоби фасоднок, отосклероз, бемори менъера ба роҳ монда шудааст.

Профессор Холматов Исроил Бобоҷонович 25 сол сароториноларингологи ғайривоҳидии Вазорати тандурустии кишвар, 30 сол боз инҷониб раиси ҷамъияти илмию амалии оториноларингологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд мебошанд. Меҳнати софдилона, фаъолияти густардаю доманадори муолиҷавӣ, таълимӣ-педагогияшон омили муҳиме барои дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани мактаби хоси  оториноларингологон, ки дар самтҳои микроҷарроҳии гӯш, сурдология, аудиология, гӯшисунъисозӣ гашт, ки ин ифтихори табибони на танҳо вилояти Суғд, балки мояи фахри илми тибби миллии мост. Дастпарварони ин мактаби намоён, шогирдони содиқ ба касби профессор Холматов Исроил Бобоҷонович дар муассисаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ босамар фаъолият бурда, дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ саҳми худро гузошта истода меоянд ва чанде аз онҳо худ ба пояи устодӣ расидаанд.

Меҳнати софдилона, хизматҳои шоистаи профессор Холматов Исроил Бобоҷонович дар ҳифзи тандурустии ҷомеа бо унвони фахрии “Духтури хизматнишондодаи Тоҷикистон”, нишони Аълочии тандурусии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати тандурустӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд қардшиносӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама номи неки ин табиби ҳозиқу донишманд вирди забони аҳолии вилояту ҷумҳурӣ аст, яъне ин пири табибон ба боварии халқу Ватан сазовор гаштаанд ва ҳеч ифтихору пояе баландтар аз ин барои инсон дар ҷомеа вуҷуд надорад.

Санаи 23-уми феврал ба муносибати 90-солагии ин инсони шариф ва табиби ҳозиқ маҳфили илмӣ дар Кохи Суғдиён бо иштироки аҳли фарҳангу маориф ва тандурустӣ доир гашт. Дар  он муовини раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назира Ғаффорӣ, мувоини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Содиқова Малика, директори шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлонова Зулайхо, намояндаи ширкатии тибби “МEDEL” –и Австрия Примако Владимир Иванович, мудири кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маҳмудназаров Маҳмадамин Имомович, овозхони маъруф, роҳбари ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” Ҷӯрабек Мурод ва дигарон дар бораи шахсият, фаъолияти касбӣ ва саҳми табиби донишманд дар рушди соҳаи тибби миллӣ суханҳои неку самимӣ гуфтанд. Аз маҷмӯи гуфтаҳои он бармеомад, ки профессор Холматов Исроил Бобоҷонович ҳанӯз дар амалҳои ҷарроҳӣ ширкат карда, ба шогирдон роҳбарӣ мекунанд.

Дар ин чорабинии бонуфуз, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти тибби Китобхонаи вилоятӣ ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гашт, сардори шуъбаи мазкур, Аълочии фарҳанг ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобдор Раҷабова Марҳабо барои тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳаи тибби муосир ва ҳамкории судманд бо муассисаҳои тиббии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ бо Ифтихорномаи шуъбаи Хуҷандии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин дотсент Маҳмудназаров Маҳмадамин китобҳои тозанашри соҳаи тиббро ба китобдори мазкур ҳадя кард.

Баргузории ин маҳфили илмӣ дар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз он медод, ки дар ҳама соҳа мешавад хизмат ба халқ Ватан содиқона хизмат кард ва сазовори эҳтироми омма гашт.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ