Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

АДИБИ МАШҲУРИ ҶАҲОН / 08.02.2018

Дар Китобхонаи вилоятӣ китобдорон барои дар сатҳи матлуб ташкил кардани чорабиниҳо, ҷалби хонандагон ба китобхона ва мутолиаи китобу рӯзномаҳо маҳфилҳои муштарак барпо месозанд. “Маҳфили дӯстдорони китоб”-ро, ки дар шуъбаи китобҳои хориҷӣ ташкил шудаву тарғибу ташвиқи асарҳои нависандагону шоирони машҳури оламро назди худ мақсад муайян кардааст, ин навбат санаи 8-уми феврал бо китобдорони толори китобҳои наврасону кӯдакон ва китобдори МТМУ№12 бахшида ба 190-солагии нависандаи маъруфи фаронсавӣ Жюл Габриэл Верн (8.02.1828 –24.04.1905) ва 150-солагии нашри китоби «Бачаҳои  капитан  Грант»-и ӯ доир намуданд. Маҳфилро китобдори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Амонова Муҳаббат ҳусни оғоз бахшида, хонандагони МТМУ №12, №15, №16-ро Жюл Вернро ҳамчун нависанда ва сайёҳу ҷуғрофидон муаррифӣ кард, ки ин барои толибилмон хеле шавқовар буд.

Номбурда иброз кард, ки китоби беҳтарин ҳеч гоҳ куҳна намешавад ва асари имрӯза баррасишаванда “Бачаҳои капитан Грант” ҳам аз шумори чунин асарҳост.  Сипас муҳимтарин асарҳои Жюл Верн тавассути слайд ва зиндагиномаи  нависанда аз тарафи сардори толори наврасон ва кӯдакон Собирова Дилрабо қироат шуд.  Вақте хонандагон аз забони китобдори мазкур ба 148 забони ҷаҳон тарҷума гардидани асарҳои Жюл Вернро фаҳмиданд, ба хондани асарҳои ӯ мароқ зоҳир карданд. Шавқу рағбати онҳоро хонандаи фаъоли Китобхонаи вилоятӣ аз МТМУ №15 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров толиблими синфи 8”а” Оқилова Парвина ҳангоми нақли мундариҷаи   романи «Бачаҳои  капитан  Грант»  боз ҳам бедор сохт. 
Ин буд, ки баъди нақлу суҳбати толибилми мазкур хонандаи синфи 9”г” МТМУ№15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сатторов Ислом, хонандагони синфи 9”а” МТМУ№12 Ҳомидова Маҳбуба, Сангинов  Қурбон, Ҳомидова Мунира, толибаи синфи 10”б” МТМУ №16 Юсупова Маликабону дар саволу ҷавоб хостори  фаро гирифтани иттилоои бештаре дар бораи нависанда ва асарҳояш  шуданд.
Дар поёни маҳфил китобдори МТМУ№ 12 Ниёзова Дилрабо аз ҳамкорӣ бо китобдорони Китобхонаи вилоятӣ изҳори миннатдорӣ ва қаноатмандӣ карда, дар китобхонаи мактабҳо баргузор кардани чунин чорабиниҳоро салоҳ донист.

Аксбардор Қаландаров Абдулазиз

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ