Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

17.05.2017. МАҲФИЛИ ГИРОМИДОШТИ ТАБИБИ ШИНОХТАИ АМРОЗИ ЧАШМ– ЮСУФ ШАРИПОВ

Гиромидошти афроди барои халқу миллат хизматҳои шоиста карда, ашхоси барӯманд, ки зиндагии намунавӣ ва фаъолияти пурсамари касбӣ доштаанд, дар дили наврасону ҷавонони кишвар ҳисси меҳнатдӯстӣ, масъулияти касбиро бедор мекунад, онҳоро барои меҳнати софдилона ва ҳаёти бомақсаду судманд омода месозад. Яке аз чунин афроди шинохтаи соҳаи тандурустӣ, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисдиҳандаи шуъбаи касалиҳои чашм дар вилояти Суғд, пизишки бемориҳои чашм Юсуф Шарипов ба шумор меравад. Маҳфили 90-умин солгарди умр ва гиромидошти мавсуф бо ташаббусу ҳамкории Раёсати фарҳанг ва тандурустии МИҲД-и вилояти Суғд, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ санаи 17-уми май бо иштироки шогирдону ҳамкасбон, пайвандону дӯстон, китобдорон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд доир гашт.

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром ҳусни оғоз бахшида, ёдовар шуд, ки китобдорон пайваста дар таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим кӯшиш ба харҷ дода, чорабиниҳои гуногунро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тобеи Раёсати тандурустӣ ва маорифи вилояти Суғд баргузор карда меоянд ва чорабинии имрӯза ҳам далели равшани ин сухан аст.

Китобдори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Маҳбуба Расулова, ки худ фарзанди шодравон Юсуф Шарипов аст, пеш бурдани кори маҳфили гиромидоштро бар уҳда гирифта, меҳмононро бо мақсади чорабинӣ ошно кард. Дар ин маҳфил муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ӯрунов Баҳодур, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Усмонова Фароғат, сармутахассиси соҳаи амрози дарунӣ Хоҷаева Мавзуна, 

сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд оид ба амрози чашм Шарипов Фазлиддин, муовини сардухтури Беморхонаи микроҷарроҳии чашм Абдуллоев Раҳматҷон, духтури беморхонаи мазкур Хуҷамқулов Боймаҳмад, духтури мардумӣ Очилова Мунира ва дигарон ширкат карданд.

Аксари ашхоси дар боло номбаршуда дар мавриди корҳои бунёдии асосгузори ҷарроҳии чашм дар вилояти Суғд – Юсуф Шарипов, хислатҳои наҷиби инсонӣ, сифатҳои касбии эшон ёдовар шуданд. Фарзандони Юсуф Шарипов дар ниҳояти маҳфил барои ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, баргузории чунин маҳфилҳои гиромидошти афроди барӯмандро кори хайр ва барои насли наврасу ҷавон муфиду ибратбахш донистанд. Бо суханронии худ маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳи Расулова Муаззама ба поён расонд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ