Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

18.05.2017 НАМОИШИ КУШОДИ КИТОБӢ ДАР МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ТАЪРИХИИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД»

Санаи 18-уми май дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки шоирону нависандагон, аҳли зиё, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию махсуси шаҳри Хуҷанд бахши аввали озмуни вилоятии «Ҷавонон–рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки бо Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таҳти №123 аз 16.03.2017 ба муносибати «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ба тавсиб расида буд, натиҷагирӣ шуд.

Дар ин чорабинӣ муовини аввали Раиси вилояти Суғд муҳтарама Назира Ғаффорӣ, раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод, директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов ширкат ва суханронӣ намуда, баъди баргузор шудани озмун ба ғолибон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро супориданд.

 

Ба ин муносибат китобдорони Китобхонаи вилоятӣ барои иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ намоиши кушоди китобӣ ташкил карда, асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  китобҳои соҳаҳои гуногуни тайи чанд соли охир ба нашррасидаро аз махзани шуъбаҳои хизматрасонӣ, толори хониш, адабиёти тиббӣ, санъат, техникӣ ва кишоварзӣ, адабиёти хориҷӣ ба намоиш гузоштанд.

Китобдорони ботаҷрибаи Китобхонаи вилоятӣ Ҳошимова Мунаввара, Бобохонова Мухлиса, Мухаммедова Заррина, Ҳоҷибоева Саноат дар қатори китобдорони китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилотии олии шаҳр диқкати иштирокчиёни ин чорабинӣ, алалхусус  наврасону ҷавононро ба намоиши кушоди китобӣ  ҷалб карда, аз мазмуну муҳтавои баъзе асарҳо ба ширкаткунандагон маълумотҳои муфид доданд.

Аз ин намоиши кушоди китобӣ дар ҳошияи чунин чорабиниҳо ташкилшуда, ки аз василаҳои муҳими таблиғу ташвиқи ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ба шумор меравад,  садҳо нафар баҳравар гардиданд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ