СИТОРАИ САҲНАИ ТОҶИК / 31.01.2018
Ба муносибати 105-солагии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон София Тўйбоева санаи 31-уми январ дар толори хониш бо ташаббуси кормандони шуъбаи санъат суҳбат доир гашт. Суҳбатро сардори шуъбаи мазкур Умарова Машҳура ҳусни ифтитоҳ бахшида, диққати иштирокчиёнро ба намоиши слайдҳо ва наворҳои инъикосгари фаъолияти эҷодии ҳунарпеша равона сохт. Дар намоиш баробари шунавонидани сабти матни зиндагиномаи ҳунарпеша бо овози китобдор Осимова Дилором аксҳои аз китоби санъатшинос Низом Нурҷонов – “София Тӯйбоева” (Душанбе, 1993) интихоб ва нусхабардоришуда ва порчаҳои кӯтоҳ аз филмҳои “Ман бо духтаре вохӯрдам” (нақши холаи Меҳринисо), “Қисмати шоир”(нақши Бону) нақшбозидаи ситораи саҳнаи тоҷик низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар таҳия ва ба намоишгузории слайду наворҳо корманди шуъбаи электронӣ Хокироев Аллоҳқул саҳми худро гузошт.
Баъд аз иштирокчиён Сарвар Бобоумаров, Шарипов Азизҷон, Юсупова Мижгона ба саволҳои худ аз ташкилкунандагони чорабинӣ ҷавоб гирифта, миннатдорӣ ҳам баён карданд.
ФИШУРДАИ ЗИНДАГИНОМАИ СОФИЯ ТЎЙБОЕВА
Асосгузори театри миллии тоҷик, Ситораи санъати тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯйбоева София Эрҷоновна 30-юми январи соли 1913 дар шаҳри Қазолии Қазокистон дар оилаи савдогари бухороӣ Эрмуҳаммад ба дунё омадааст. Ин шаҳр, ки дар соҳили дарёи Сир ва назди роҳи оҳан ҷой гирифтааст, то инқилоб маркази савдо буд. Савдогарони Хуҷанду Фарғона ба воситаи дарёи Сир, тоҷирони Тошканду Самарқанд бо қатора, бозоргонони Бухорою Қаршӣ бо роҳҳои корвон дар Қазолӣ ҷамъ меомаданд, мол мефурӯхтанду мол мехариданд. Бо ҳамин сабаб бисёр бозоргонони Осиёи Миёна дар ин шаҳр ҳавлию ҷо карда буданд. Падари София Эрмуҳаммад, ки ба хариду фурӯши чӯбу тахта шуғл дошт, сардори яке аз ҳамин гуна оилаҳо буд. Падари София дар Fиҷдувон таваллуд ёфта, он ҷо ба камол расидааст. Боре Эрмуҳаммад барои харидани чӯбу тахта ба шаҳри Уфа рафта, дар он ҷо бо як духтари бошқирд хонадор шуда, бо худ овард. Зани аз Уфа овардаро дигар ҳамсарони Эрмуҳаммад ҳама нӯғай меномиданд. София дар синни 78-солагии падараш таваллуд шуда, дар синни 14-солагӣ аз падар маҳрум гашт.
Баъди вафоти падар модари София ва додарчааш Аҳмад ба Бухоро кӯч бастанд. Онҳо дар онҷо дар як ҳавличаи танг мезистанд. Баъди инқилоби Бухоро модари София дониши хуб дошта, забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекиро хуб медонист ва дар ЧК-и Бухоро котиб шуда кор мекард.
Соли 1920 София ба мактаби якуми занону духтарон дохил шуд ва баъди чор сол ба мактаби русӣ гузашт. Соли 1926 София аз модараш пинҳонӣ дар маҳфили худфаъолиятии “Матбуотчиён”-и Бухоро дохил шуд, ки роҳбар ва иштироккунандагони маҳфил ҳама тоҷикон буданд, вале азбаски Бухоро ҳамон солҳо ба ҳудуди Ӯзбекистон дохил шуда буд, идора ва муассисаҳои маданӣ бо забони ӯзбекӣ кор мекарданд. София мисли ҳамаи бухороиён дар хона ва кӯча бо забони тоҷикӣ гап мезад.
Охири соли 1930 София Тўйбоева бо ҳамсараш коргардон Фатҳулло Умаров, ки дар театри ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ кор мекард, ба театри навтаъсисёфтаи тоҷик, ки дар шаҳри Душанбе ҳамонвақта Сталинобод ном дошт, ба кор омаданд. Аз соли 1931 то соли 1965 дар театри давлатии академии драмаи тоҷики ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор ва ҳунарнамоӣ кардаанд. Нахустин нақше, ки дар саҳнаи тоҷик бозид, нақши Дилбар дар намоиши “Ду коммунист” мебошад. Аз соли 1934 ҳамчун ҳунарпешаи кино ҳунарнамоӣ мекард. София Тӯйбоева махсусан дар офаридани нақшҳои занони мубориз муваффақиятҳои калони эҷодӣ ба даст овард. Дар филмҳои “Ман бо духтаре вохӯрдам”соли 1957 нақши Меҳринисо, “Қисмати шоир” соли 1959 нақши Бону, “Вақти зангирии писарам расид” соли 1960 нақши Саидабону, “Зумрад” соли 1961 нақши модари Ҷалил, “Хокистари сӯзон” соли 1967 нақши ходимаро хеле муваффақона бозӣ кард. Аксари нақшҳои офаридаи ӯ дар саҳнаи тоҷик бори аввал иҷро гардида, ба ҳунарпеша комёбии бузург овардаанд. Вай дар дувоздаҳ асари драматургони классики рус ва Fарб нақшҳои марказиро офарид. Дар филми ”Рустам ва Сӯҳроб” соли 1941 бо коргардонҳо Пирмуҳаммадзода ва Волкенштейн нақши Гурдофаридро офарид.
Барои хизматҳои шоиста ҳанӯз соли 1941 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуда, дар давоми фаъолияти касбӣ дар тарбияи ҳунарпешаҳои ҷавон саҳми арзанда гузошт.
София Тўйбоева 25-уми октябри соли 1996 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт. Номи ин ҳунарпеша дар санъати тоҷик ҳамеша ҷовидона зинда аст.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ