Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

БО 1000 ОФТОБ / 02.02.2018

Шодравон шоиру рӯзноманигор Неъмати Оташ (5.02.1953 – 8.11.2015) баробари дигар ҳамқаламон дар маҳфилҳои Китобхонаи вилоятӣ, ки бо мақсади арҷгузории илму адаб ва афроди барӯманди хизматнишондода баргузор мегашт, ширкат меварзид, шеър мехонд, суҳбат мекард... Мо китобдорон ба унвони ӯ, ки аз соли 2008 то дами даргузашти ҷисмонӣ сардабири маҷаллаи адабӣ ва илмӣ-оммавии “Паёми Суғд” буд, номаҳо мефиристодем... Имрӯз, ки аз даргузашти ӯ 817 рӯз ё аниқтараш 2 солу наздик 3 моҳ гузаштааст, хостем чун ошнояш–нависандаю тарҷумон Анвар Мирзоҳакими Олим бо мактубе ба суроғаш равем ҳамчун хонанда, то китобдору китобшинос буданамонро мутолиагарони ин нома ба хубӣ эҳсос намоянд. Зеро китобдор то китобхон набошад, ҳаққу даъвои китобдорӣ карданро надорад...

Шоир Неъмати Оташ агар дар дунёи мо бо тан ҳамагӣ 62 сол зиндагӣ карда бошад, 38 сол, яъне аз 24-солагӣ то даргузашт, дар хизмати халқу Ватан буд бо дилу андеша, ҳунар ва қалам.  Бо ин чаҳор абзор зиндагиро ба сухан ва шеър мубаддал кард, то дар ҳар вожаю ҳарфи он ҷовидона нафас кашад ва дар ҳар овозу ҳиҷои он ба дилу андешаи хонанда роҳ ёбад ва раҳнамои ӯ дар роҳи одамгарӣ бошад. Мисли Неъмати Оташ раҳнамоёни роҳи одамгарӣ ҳамеша бо моянд дар навиштаҳояшон. Ин моем пандгӯи панднопазир, ки гоҳе ҳамнафас бо раҳнамоён буданро бо як баҳонаи зебое ба номи ЗИНДАГӢ ба худ раво намедонем...

Шарти ҳамнафасӣ бо раҳнамоён: дар канори баҳонаамон – ЗИНДАГӢ бо ҳарфҳои калон навиштани вожаи ҲАЛОЛ аст, ки муродифи ҳамешагист.

АЗ ҲАМЕША ТО ҲАМЕША

(санаҳои хуҷаста ва барҷастаи зиндагии Неъмати Оташ)

  • 2015-2008 – сардабири маҷаллаи адабӣ ва илмӣ-оммавии “Паёми Суғд”
  • 2012 – нашри маҷмӯаи ашъори “Мусофири шаҳри борон”
  • 2012 – нашри “Қиссаи мардони диловар” (қиссаи ҳуҷҷатӣ)
  • 2011 – дарёфти нишони “Шаҳриёр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон
  • 2010 – нашри “Фидокори Мирзочӯл” (қиссаи ҳуҷҷатӣ)
  • 2008-1995 – фаъолияти хабарнигорӣ ва муовинӣ дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”
  • 2006 – дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои маҷмӯаи ашъори “Ба ишқ бовар кун”
  • 2003 – нашри маҷмӯаи ашъори “Ба ишқ бовар кун”
  • 2001 – нашри “Мунтахаби ашъор”
  • 1999 – дарёфти ордени “Шараф”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 1999 – нашри маҷмӯаи ашъори “Садои сабзи шукуфтан”
  • 1994-1993 – мудири шуъбаи ахбор (иттиллоот)-и Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд
  • 1993 – пазируфташавӣ ба увзияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
  • 1992  – раиси Бунёди забони шаҳри Хуҷанд
  • 1991 – муовини раиси Иттиҳодияи эҷодии адибони вилояти Суғд
  • 1991-1984 – мухбири махсуси рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” дар вилояти Ленинобод
  • 1990 – таълиф ва нашри китоби “Файзи баҳорон” дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳилолиён Аскар ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ
  • 1989 – нашри нахустин маҷмӯаи ашъор бо номи “Шукуфа”
  • 1988 – сарафрозӣ бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷанговари интернатсионалист
  • 1982 – сарафрозӣ бо Ифтихорномаи Вазорати дифои ИҶШС ҳамчун ҷанговари интернатсионалист
  • 1982-1980 – хизмати ҳарбӣ ҳамчун тарҷумон дар корпуси дуюми Артиши миллии Ҷумҳурии Афғонистон, шаҳри Қандаҳор
  • 1977 оғози фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳамчун ходими адабӣ дар рӯзномаи “Бо роҳи ленинӣ”
  • 1975-1970 таҳсил дар шуъбаи форсии факултети забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон
  • 1970-1960 – таҳсил дар мактаби миёнаи №12, ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафурови имрӯза)
  • 1953.02.05 – таваллуд дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (Бобоҷон Ғафурови имрӯза)

Лаҳзае чанд дар ҲАМЕША тақвим – вақтро ба манфиати худу дигарон бо одамгароён барҳам задан кори аҷиб нест. Зеро дар беҷои ҲАМЕША ба шарофати вақтшиносон замон оғозу анҷом надорад ва муҳим нест, моноӣ муҳим аст ба ҳар маъно, ки мафҳум шавад.  Мафҳум шавад, ки шоир Неъмат Оташ аз ҲАМЕША ба сӯйи мо меояд дар лаб ин байтҳо:

На аз билоди ғаму изтироб меоям,
Ман аз диёри ғазалҳои ноб меоям...
Чу аз табори паёмоварони Хуршедам,
Ба кӯлбор ҳазор Офтоб меоям...

Оре, шоире, ки бо 1000 Офтоби шеър аз диёри ғазалҳои ноб меояд, шоистаи пазироии гарми мост. Ба истиқбол мебароем ва  намунае аз осори равшанашро ба муносибати ин омадан ба НАМОИШИ ХОНИШ мегузорем барои худамон ва онҳое, ки ба омадани баъди рафтан бовар доранд:

  КИТОБҲОИ ШЕЪРИ НЕЪМАТИ ОТАШ:

 Оташ, Неъмат. Ба ишқ бовар кун [Матн] / Неъмати Оташ.– Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2003.–151с.
 Оташ, Неъмат. Садои сабзи шукуфтан [Матн] / Неъмати Оташ.– Хуҷанд: Вароруд, 1999.–63 с.

ШЕЪРУ МАҚОЛА ДАР РӮЗНОМАҲОИ  НЕЪМАТИ ОТАШ:

Оташ, Неъмат. Ояти ватанбонӣ; Ба Хуҷанди азизам [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2016.–6 август.        
Оташ, Неъмат. Ваҳдати дилҳо [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Адабиёт ва санъат.–  2016.–  23 июн.
Оташ, Неъмат. Зардолу [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Суғд.–  2016.–16 июн.
Оташ, Неъмат.  Милоди Камол; Меҳрубоне соқии ман шуд; Интизор [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.–  2016.– 3 феврал.
Оташ, Неъмат. Ба Хуҷанди азизам [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.–  2015 .– 24 май.
Оташ, Неъмат. Набзи сабз; Танҳо; Зиндагӣ зебост [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.–  2014.–  5 феврал.– С.10.
Оташ, Неъмат. Садои туст , ки меояд ; Шиканҷаи фасли танҳоӣ [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ  // Адабиёт ва санъат .–  2013.–  11 июл.
Оташ, Неъмат. Наврӯзи Хуҷанд [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон .–2013.–  16 март.
Оташ, Неъмат. Афсонаи як рӯзи баҳору як рӯзи тирамоҳ [Матн]: Очерк / Неъмати Оташ// Тирози ҷахон .–  2013 .–  1 январ.
 Оташ, Неъмат. Садои туст, ки меояд; Нишона гум кардам [Матн]:  Шеърҳо / Неъмати Оташ  // Адибиёт ва санъат.–  2012.–  19 июл.
 Оташ, Неъмат. Ба Хуҷанди азизам; Меҳрубони ҳам бошем [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ  // Ҳақиқати Суғд .– 2012.–  14 июл.
Оташ, Неъмат. Маърака бояд сурур орад, на ғам … [Матн]: мақола / Неъмати Оташ  // Тирози ҷахон .– 2012.–  28 апрел.
Оташ, Неъмат. Сафои деҳқон [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Суғд.–  2011.–  25 октябр.
Оташ, Неъмат. Пайвандгари аслҳову наслҳо. [Матн]: Дар бораи ҷашни Наврӯз / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.–  2011.–  19 март.

Оташ, Неъмат. Вахдати дилҳо [Матн]:  Шеърхо / Неъмати Оташ // Сухани халқ.–  2010.–  5 июл.
Оташ, Неъмат. Чароғи мардуми дунёи нав [Матн]: Таассурот аз вохӯрии Призиденти мамлакат бо зиёиён / Неъмати Оташ  // Ҳақиқати Суғд.– 2009.–  4 апрел.
Оташ, Неъмат. Нӯшбоди солинавӣ [Матн]: Шеър /Неъмати Оташ  // Тирози ҷахон.– 2009.–  1 январ .
Оташ, Неъмат. Меҳрубони ҳам бошем [Матн]:  Шеър / Неъмати Оташ   // Тирози ҷаҳон.–  2008.–  25 июн.
Оташ, Неъмат. Чароғи  сабз як уммед … [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.–  2008.– 23 апрел.
Оташ, Неъмат. Пораи пайванди ҷон аст; Рози оина; Офтоби маърифат [Матн]: Шерҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷахон.– 2008 .– 5 апрел.
Оташ, Неъмат. Шоҳи шоирони Хуросон [Матн]:  Шеър / Неъмати Оташ   // Тирози ҷаҳон.– 2007.– 22 сентябр.
Оташ, Неъмат. Ваҳдати дилҳо [Матн]:  Шеър / Неъмати Оташ // Ҷумҳурият .–  2007.–  26 июн.
Оташ, Неъмат. Наврӯзи Хуҷанд [Матн]:  Шеър / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2007.–21 март.
Оташ, Неъмат. Шукуфон гулу райҳон [Матн]:  Шеър / Неъмати Оташ // Шӯълаи умед.–  2006.– 22 март.
Оташ, Неъмат. Дӯст; Садои туст, ки меояд … ; Шиканҷи фасли танҳоӣ [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Вароруд.–  2005.–  30 ноябр.
Оташ, Неъмат. Накҳати гулҳои зардолу [Матн]: Бахшида ба ҷашни 60.–  солагии М. Бобоҷон / Неъмати Оташ  // Тирози ҷаҳон .– 2005.–  23 ноябр.
 Оташ, Неъмат. Офарандаи каломи субҳнисор [Матн] / Неъмати Оташ  // Тирози ҷаҳон.–  2004.–  3 ноябр.
Оташ, Неъмат. Ояти ватандорӣ [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–  2004.–  3 ноябр.
Оташ, Неъмат. Наврӯзӣ [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Ленинобод.–  2004.– 20 март.
Оташ, Неъмат. Бонуи сухангӯ [Матн]: Дар бораи рӯзноманигор М. Воситзода / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2004.–10 март.
Оташ, Неъмат. Зани тоҷик [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Ленинобод.–  2004.– 6 март.
Оташ, Неъмат. Фидоии майдони сухан [Матн]: Бахшида ба 70-солагии нависанда Баҳодур Файзулло / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2004.–25 феврал.
Оташ, Неъмат. Муҳаббати хоса [Матн]: Пораҳо аз дафтари Афғонистон / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2004.–14 феврал.
Оташ, Неъмат. Садои сабзи шукуфтан [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ    // Ҳақиқати Ленинобод.–  2003.– 2 август.
Оташ, Неъмат. Бо самари заҳмат сазовори мукофот [Матн]: Оид ба фаъолияти Д. Рустамов / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2002.–27 август.
Оташ, Неъмат. Аз гули гил то гулҳои аҳуроӣ [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир А. Кулолӣ / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2002.–16 январ.
Оташ, Неъмат. Садои туст, ки меояд; Эй ишқи ҷонгудоз [Матн]: Щеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2000.–29 декабр.
Оташ, Неъмат. Хайр бошад, ё хайр набошад [Матн]: Ҳусни баён / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–2000.–23 июн.
Оташ, Неъмат. Дӯст: Лолаи кӯҳ; Ба ёде нарасидем [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1999.–30 ноябр.
Оташ, Неъмат. Дарёи меҳр [Матн]: Бахшида ба 70-солагии шоир ва рӯзноманигор А. Воситзода / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1999.–23феврал.
Оташ, Неъмат. Чу фасли дигаре ояд [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Ленинобод.–  1999.– 3феврал.
Оташ, Неъмат. Биё бо ҳам созем; Мусофир  [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Ҳақиқати Ленинобод.–  1999.– 6январ.
Оташ, Неъмат. Зулфи дуто; Дилрабо; Эй ҳомии лафзи дарӣ; Дастҳои ту; Боли садоқат [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1998.–6 феврал.
Оташ, Неъмат. Нури Хуҷанд [Матн]: Бахшида ба 50-солагии шоири тавонои тоҷик Н. Ниёзӣ / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1997.–1январ.
Оташ, Неъмат. Магар роҳи раҳоӣ ҳаст?; Ғазалҳо. Чу фасли дигаре ояд [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1996.–23апрел.
Оташ, Неъмат. Биё, ки даст диҳем [Матн]: Меҳмони «Гӯшаи адиб» шоир Неъмати Оташ / Неъмати Оташ // Ҳомии Ватан.– 1995.–№8
Оташ, Неъмат. Маъвои дил [Матн]: Очерк / Неъмати Оташ // Тирози ҷаҳон.–1994.–3 декабр.
Оташ, Неъмат. Баҳори хунин; Раҳзани имон [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Адабиёт ва санъат .–  1992.–  25 июн.
Оташ, Неъмат. Сир Дарьё [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Бо роҳи ленинӣ.– 1979.–10 феврал.

 

ШЕЪРУ МАҚОЛАҲОИ НЕЪМАТИ ОТАШ ДАР МАҶАЛЛАҲО:

Оташ, Неъмат. Ба боли садоқат: Боли садоқат [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Садои Шарқ.– 2015.–№6.– С.66-70.

Оташ, Неъмат. Шод бошу дер зӣ дар зиндагонӣ [Матн] / Неъмати Оташ  // Паёми Суғд.–2014.–№12.–С.58.

Оташ, Неъмат. Порсӣ пайванди ҷон аст [Матн] / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2013.–№11.–С.88.

Оташ, Неъмат. Ҷони одам [Матн]: Дар бораи эҷодиёти А. Ҳилолиён / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2013.–№6.–С.51–54.

Оташ, Неъмат. Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар [Матн]  / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2013.– №5.

Оташ, Неъмат. Ишқ; Шоҳи шоирон; Роғун [Матн]: Силсилаи шеърҳо  / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2012.–№2.–С.3-7.

Оташ, Неъмат. Базлагӯву базморо [Матн]: Дар бораи нависанда М. Пӯлод / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2010.–№7.–С.26.

Сайфуллоев, А. Завқи маро ба адабиёт ду устоди бузургам бедор карданд [Матн]: Суҳбат бо олим ва адиб, профессор А. Сайфуллоев / Сӯхбатнигор Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2008.–№5.–С.13–23.

Оташ, Неъмат. Милоди зиндагии шоирона [Матн]: Дар бораи эҷодиёти нависанда А. Сидқӣ / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2007.–№5.–С.62–64.

Оташ, Неъмат. Шукр кун…; Ишқ [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2007.–№3.–С.26-27.

Оташ, Неъмат. Зиҳӣ, Наврӯз, иди Ваҳдати инсону табиат [Матн] / Неъмати Оташ // Паёми Суғд.–2007.–№3.–С.2-6.

Оташ, Неъмат. Умраш бардавом бод [Матн] / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2006.–№2.–С.22-24.

Оташ, Неъмат. Муждаи дидор; Атри гул; Биёву ҳамнафасам бош; Ба бод саҷда маовар; Бишнав навои гарми маро; Таманно; Тарона; Биё [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2006.–№2.–С.37-41.

Оташ, Неъмат. Шаҳриёри  шаҳри танҳоӣ [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2005.–№12.–С.21.

Оташ, Неъмат. Эҳё; Ифтихори мо; Зиндагии шабеҳ ба таърих [Матн]: Очерк ва публисистика дар бораи шаҳри Тобашар // Хуҷанд.–2005.–№8.–С.40-56.

Оташ, Неъмат. Ваҳдати дилҳо [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2005.–№6.–С.3.

Оташ, Неъмат. Шараф бодо ба мардони диловар [Матн]: Очерк дар бораи иштирокчии ҶБВ А. Исмоилов / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2005.– №5.–С.69-76. 

Оташ, Неъмат. Наврӯзи Соли саломатӣ [Матн]: Дар бораи Наврӯзи Аҷам / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2005.–№3.–С.3-16.   

Оташ, Неъмат. Эй ки дар санъат баландовозаӣ [Матн]: Ба ифтихори 75-солагии устод Ш. Сайфиддинов /Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2004.–№8.–96-102.                                                                                     

Оташ, Неъмат. Сарояндаи меҳру садоқат [Матн]: Ба шарафи 75-солагии мавлуди А. Воситзода / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2004.–№3.–14-17.                                                          

Оташ, Неъмат. Шаҳри  нуру  сафо;  Ту сабзтар зи манӣ, устод; Армуғони ман ишқ аст; Ба Соли нав савганд; Нишона гум кардам [Матн]: Шеърҳо / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2004.–№2.–С.60-62.

Оташ, Неъмат. Чароғи ишқро бояд фурӯзон  кард; Садои туст, ки меояд…; Намерасад; Боз хуну боз террор; Наврӯзи Хуҷанд; Гулдони сиёҳ; Ояти Ватанбонӣ; Биё, эй дӯст [Матн]: Шеърҳо  / Неъмати Оташ    // Хуҷанд.–2003.–№2.–С.4-12.

Оташ, Неъмат. Афсонаи як рӯзи баҳору як рӯзи тирамоҳ [Матн]: Очерк / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–2001.–№8.–С.38.

Оташ, Неъмат. Ман Ватанро бештар аз ҳарвақта дорам дӯсттар… [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–1999.–№2.–С.34-35.

Оташ, Неъмат. Эй қатра-қатра ашк; Муҳоҷирони Ватан  [Матн]: Шеър / Неъмати Оташ // Хуҷанд.–1995.–№1.–С.50.

ШЕЪРУ НАВИШТАҲО ДАР БОРАИ НЕЪМАТИ ОТАШ:

Олимов, А. Мактуб ба ошно [Матн]: Ба устод Неъмати Оташ / А. Олимов // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.15.

Ниёзӣ, Н. Чароғи ишқро фурӯзон кард [Матн]: Дар бораи эҷодиёти Неъмати Оташ / Н. Ниёзӣ // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.23.

Раҳматзод, А. Иқтибос аз сафарнома [Матн]: Шеър / А. Раҳматзод // Паёми Суғд.– 2016.– №2.–С.31.

Гулноз. Чароғи отифа [Матн]: Ба ёди устод Н Оташ / Гулноз   // Паёми Суғд.– 2016.– №2.–С.33.

Ҷило, С. Дарёдиле бирафт [Матн]: Марсия ба вафоти Неъмати Оташ / С. Ҷило // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.35.

Рустамбек, А. Умри бақо гирифт [Матн]: Ба хотири устоди сухан Неъмати Оташ / А. Рустамбек // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.36.

Ҳуҷаста, А. Неъмати биҳиштӣ [Матн]: Шеър ба ёди устод Неъмати Оташ / А. Ҳуҷаста // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.38.

Раҳматзод, Б. Ашк аз чашми ҷаҳон мерехт [Матн]: Шеър ба ёди устод Неъмати Оташ / Б. Раҳматзод // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.39.

Маҳваш. Нури басар [Матн]: Ба устод Неъмати Оташ / Маҳваш  // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.40.

Назарӣ, Н. Бигзошт моро ба алам [Матн]: Дар сӯгвории устоди сухан Неъмати Оташ / Н. Назрӣ // Паёми Суғд.– 2016.–  №2.–С.41.

Бобоҷониён, А. Неъмате буд беназир… [Матн]: Ба истиқболи зодрӯзи рӯзноманигор ва шоири зиндаёд Неъмати Оташ / А. Бобоҷониён // Тирози ҷаҳон.–2016.–3 феврал.

Ёрмирзоева, М. Дунёи умед [Матн]: Ба ёдбуди шоир ва рӯзноманигор Неъмати Оташ / М. Ёрмирзоева // Тирози ҷаҳон.–2016.–3феврал.

Ҷило, С. Дарёдиле бирафт [Матн]: Марсия ба вафоти Неъмати Оташ / С. Ҷило // Ҳақиқати Суғд.–  2015.–10 ноябр.

Мирсаидов, Б. Номаи сабз [Матн]: Дар бораи эҷодиёти Неъмати Оташ  / Б. Мирсаидов // Паёми Суғд.– 2014.–  №12.–С.97.

Ҳаёт, Н. Аз табори паёмоварони хуршед [Матн] / Неъмати Оташ   // Омӯзгор.– 2013.–7июн.

Мирзоюнус, М. Мусофире аз шаҳри борон [Матн]: Дар бораи эҷодиёти шоир Неъмати Оташ / М.Мирзоюнус // Ҷумҳурият.–2013.–28май.

Ёрмирзоева, М. Чамани хушбахтӣ [Матн]: Пешниҳод ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода / М. Ёрмирзоева // Тирози ҷаҳон.–2013.–22май.

Нурзод, Н. Башорате аз мусофирӣ; Шаҳри ишқ; [Матн]: Дар бораи китоби «Мусофири шаҳри борон»-и Неъмати Оташ / Н. Нурзод   // Адабиёт ва санъат.–2013.–16 май.

Хуҷандӣ, А. Боғи ҳамешасабзи мазмуну бадеият [Матн]: Дар бораи эҷодиёти Неъмати Оташ / А. Хуҷандӣ // Ҳақиқати Суғд.–2013.–23 апрел.

Ёрмирзоева, М. Маҳфили шеъри шоир  [Матн]: Неъмати Оташ / М. Ёрмирзоева // Тирози ҷаҳон.–2013.–23 феврал.

Ёрмирзоева , М. Раҳнамои ҷавонони соҳибқалам [Матн]: Дар бораи Неъмати Оташ / М. Ёрмирзоева // Тирози ҷаҳон.–2013.–2феврал.

Ҳакимова, С. Ман аз шаҳри бузурги ишқ меоям [Матн] / С. Ҳакимова // Ҳақиқати Суғд.–2013.–2феврал.

Султонӣ, Т. Мусофири шаҳри борон [Матн]: Дар бораи эҷодиёти Неъмати Оташ / Т. Султонӣ // Паёми Суғд.– 2012.–  №2.–С.98–104.

Нуров, Н. Дар ростои шинохти моварои инсон [Матн]: Дар бораи китоби Неъмати Оташ / Н. Нуров // Тирози ҷаҳон.–2006.–26июл.

Адиба. Чароғи ишқ ба даст; Ба ишқ бовар кун [Матн]: Андешаҳо оид ба китоби тозаи Неъмати Оташ / Адиба // Ҳақиқати Ленинобод.–  2003.–  16август.

Оташи меҳр ва муҳаббат [Матн]: Бахшида ба 50– солагии Неъмати Оташ // Ҳақиқати Ленинобод.–  2003.–1 9феврал.

 

ТАҲИЯГАРОН:

намоиши ”ШОИР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ОТАШИНСУХАН”–  кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ
рӯйхати тавсиявии “БО 1000 ОФТОБ”– китобдорони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ