ЧОРАБИНИҲО ДАР КИТОБХОНА-ФИЛИАЛҲО/26.01.2018
Китобдорони китобхона-филиалҳои №6 ва 9 дар рӯзҳои таътили зимистонӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва мутолиаи китоб чорабиниҳои гуногунмавзӯъ доир карданд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфилҳои афсонахонӣ, шеърхонӣ, суҳбат, вохӯрӣ, лавҳаи китобхонавӣ, шоҳмотбозӣ ташкил намуданд.
Китобдорони китобхона-филиали №6 барои ба хонандагон фаҳмонидани ҳадафи эълон шудани Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ озмуни “Расми беҳтарин дар мавзӯи ҳунарҳои миллӣ”-ро байни кўдакону наврасон ташкил карданд, ки натиҷаҳои он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Рӯзи Китоб ҷамъбаст ва ғолибон муайян мешаванд.
Дар китобхона-филиали №9 китобдорон барои хонандагон Мактаби таҳсилоти иловагии вилоятӣ санаи 26-уми январ маҳфили афсонахониву шеърхонӣ баргузор карданд. Онҳо пеш аз оғози чорабинӣ китобҳои бачагона, аз ҷумла “Лолачинӣ”-и Пӯлод Толис, “Ораши камонкаш”-и Муҳаммадризо Муҳаммади Некӯ, “Шоҳасп”-и Салими Зарафшонфар, “Бачаи лалмӣ”-и Анвар Мирзоҳакими Олимро ба намоиш гузоштанд. Хонандагон китобҳои мазкурро варақ зада, мароқангезтарин асарро барои мутолиа дар хона интихоб карданд. Сипас байни ҳамдигар бо роҳбарии китобдорон афсонахонӣ намуда, мазмуни афсонаҳои дӯстдоштаашонро ба якдигар нақл карда, дар доираи мавзӯи афсонаҳо шеърҳо хонданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ