Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ҶАШНИ САДА, АМИРО, ҶАШНИ КИБОР БОШАД! / 26.01.2018

Санаи  26–уми январ  дар толори илмӣ–таълимӣ бахшида ба фарорасии иди Сада суҳбат бо донишҷўёни бахши китобдории Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз таҳти унвони «Ҷашни Сада, амиро, ҷашни кибор бошад» гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо шиносонидани муҳимтарин нишонаҳои таърихии иди Сада оғоз  шуд. Дар идома сардори шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ  Дадобоева  Зайнура  бо иштирокчиён тариқи саволу ҷавоб суҳбат намуд. Аз суҳбат аён гардид, ки аксари онҳо аз ном ва баъзе хусусиятҳои ҷашни Сада хабардор бошанд ҳам, аз таърихи пайдоишу рушду таназзул ва эҳёи дубораи он огоҳии комил надоштаанд. Китобдорон иштирокчиёнро бо маводи сарчашмаҳои зерин, ки  барои гузаронидани суҳбат аз истифода кардаанд, ошно намуданд: 

  • Тухтасунов О. Сада ҷашни мулуки номдор [Матн] /О. Тухтасунов //Ҷумҳурият.–2017.–26 декабр.
  • Яъқубшоҳ, Ю. Сада–омадани Офтоб ба хонаи зимистон [Матн] /Ю.Яъқубшоҳ. //Ҷумҳурият.– 2017.–25 декабр.
  • Раҳимов, И. Нигоҳе ба таърих ва таомулҳои  ҷашни сада [Матн] /И.Раҳимов // Сухани халқ. –2017.–  1 феврал.–с.7.
  • Раҳимӣ Ф., Камол Х. Ҷашни Сада ва Меҳргон [Матн] / Ф. Раҳимӣ, Х. Камол ва дигарон. //  Адабиёт ва санъат.– 2017 .– 20 апрел.– с2–3.
  • Салимзода А. Ҷашни Сада омодагӣ ба киштукори баҳорист [Матн]  / А. Салимзода // Садои мардум .– 2017.– 31январ.
  • Салимзода  А. Сада як рукни худшиносии миллист [Матн] / А. Салимзода. // Ҷумҳурият.– 2017.– 31 январ. 
  • Раҳмонзода А. Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати  истиқлолияти давлатӣ аст [Матн] / А. Раҳмонзода// Ҷумҳурият.– 2017.– 30. Январ
  • Раҳимӣ А. Сада – нуре аз гулхани афрухтаи ниёгон [Матн] / А. Раҳимӣ // Адабиёт ва санъат.– 2017.– 26. январ.
  • Асозода Н. Сада ҷашни мулуки номдор аст… [Матн] / Н. Асозода // Садои мардум.– 2017.– 26  январ.
  • Абдураҳмон Б. Сада– ҷашни суннатии ниёкон [Матн] / Б. Абдураҳмон // Тоҷикистон.– 2016.– № 1–2.– С. 25.
  • Мирбобо А. Ҷашни Сада – Даъвати Офтобу гармӣ //  Тирози ҷаҳон .– 2016.–16 январ

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ