Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ДАР ОЛАМИ АФСОНАҲО / 31.01.2018

Дар охирин рӯзи таътили зимистонӣ гурӯҳе аз хонандагони фаъоли МТМУ №21 шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Уғулой Ахмедова дар китобхона-филиали № 3 маҳфиле бо номи «Дар олами афсонаҳо» доир карданд.

Дар ҳузури муаллима ва итобдорон  хонандаҳои синфи 5”б  Ғаффорова Дилноза  афсонаи “Духтари ҷасур”,  Валиева Ҳафиза афсонаи «Писари моҳигир», хонандаи синфи 4”а” Очилов Далер афсонаи «Донак», хонандаи синфи 4”б” Шарипова Маҳина афсонаи «Духтарак ва хирс», хонандаи синфи 4”в” Неъматова Зулайхо афсонаи «Муш ва гурба», хонандаи синфи 2”б” Неъматова Бибиойша афсонаи «Рӯбоҳ ва лаклак»-ро нақл карда, ба саволҳои якдигар ҷавоб гуфтанд. Баъд як афсонаи навро бо навбат хонда, дар атрофи он баҳс оростанд. 

Дар поёни маҳфил китобҳои намоишро аз назар гузаронида барои мутолиа дар хона асарҳои нав интихоб намуданд. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ