Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

МОҲИ ТОБОНИ САҲНА / 24.01.2018

Фарҳангу санъати тоҷикро дар садаи ХХ теъдоде аз фидоиёни соҳа бо ҳунари баланд дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон муаррифӣ кардаанд. Яке аз чунин санъаткорон Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова мебошад, ки ҳамчун нақшофар, сароянда, раққоса дар саҳнаи театр ва кино ҳунарнамоӣ кардааст. Вай дар давоми фаъолияти ҳунарварияш зиёда аз 160 нақш офаридааст, ки беҳтаринашон Ҷамила (“Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, 1953), Ширин (“Фарҳод ва Ширин”-и В.А. Успенский ва Г.А. Мушел, 1955), Хурмо (“Калтакдорони сурх”-и Сотим Улуғзода, 1957), Нурхон (“Нурхон”-и К. Яшин, 1957), Лариса (“Духтари бебисот”-и А.Н. Островский, 1964),  Орзу (“Дили шоир”-и Раҳим Ҷалил, 1964),  Дорина (“Тартюфи”-и Ж. Молйер, 1965), Дездемона (“Отелло”-и У. Шекспир, 1966), Гурдофарид (“Рустам ва Суҳроб”-и Ғанӣ Абдулло, 1968) ва ғайра мебошад. Ин ҳунарпеша сарояндаи хушовоз ҳам буда, сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, озарбойҷонӣ, қазоқӣ, русӣ ва дигар забонҳоро бо маҳорати баланд сурудааст, ки аксари онҳо дар хазинаи радиои тоҷик сабт шудаанд.

Ойдиной Усмонова, ки 10-уми январи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст, соли 1985 ба нафақа баромада, соли 2014 чашм аз олами ҳастӣ пӯшидааст. Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи ӯ китобдорони шуъбаи китобҳои санъат суҳбат бо номи “Моҳи тобони саҳна” санаи 24-уми январ баргузор карданд. Сардори шуъбаи мазкур Умарова Машҳура дар бораи фаъолияти касбии Ойдиной Усмонова ба иштирокчиёни суҳбат маълумот дода, ба саволҳои онҳо ҷавоб гуфт. Аксҳои ӯ тавассути слайд ба намоиш гузошта шуд. Ташкилкунандагони суҳбат барои бо маҳорати сарояндагии ӯ ошно кардан ду сурудашро ба иштирокчиён шунавониданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ