Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

МАҲФИЛИ МУАРРИФИИ “НАХЛИСТОНИ ТАВҲИД” / 23.01.2018

Дар китоби таърихи даврони Истиқлолияти давлативу миллии тоҷикон Ваҳдат дурахшонтарин саҳифа мебошад, ки боз кардани он Тоҷикистонро барои оламиён шиносонид. Дар бозшавии ин саҳифаи тобон саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат эътироф шудани Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон худ далели равшани саҳмгузории эшон дар Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мебошад. Дар адабиёти муосири тоҷик мавзӯи Ваҳдат бо ғазалҳои нобу нотакрори Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Лоиқ Шералӣ ҳусни оғоз ёфт ва аз ҷониби дигарон идома пайдо кард. Ҷозибаи ин ҳақиқати таърихӣ аҳли қалам ва ҳар як фарди огоҳу ватандӯстро бар он водошт, ки нерӯи эҷодиро ба инъикоси он равона созанд. Дар маркази диққати нависандагону шоирон қарор гирифтан, хеле самимона ва воқеӣ тасвиршавии чеҳраи беназири фарзанди ҷоннисори миллат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаву самараи заҳмату талошҳо, меҳандӯстиву мардумдорӣ, ғамхориву халқпарварии эшон мебошад. Шоирону нависандагони ба ин мавзӯъ рағбат пайдо кардаву асарҳо эҷоднамударо адибони ваҳдатсаро меноманд.

Бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят бо иштироки адибони ваҳдатсаро баргузор гардидани маҳфилҳои адабӣ аз он дарак медиҳад, ки дар самти таблиғу ташвиқи Ваҳдату ягонагии миллӣ корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Чунин иқдоми наҷибро бо доманаи густардатар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд идома дода, бо ҷалби яке аз адибон ваҳдатсаро шоири варзида, дорандаи мукофоти давлатӣ–ордени «Шараф» ва медали «Хизмати шоиста», Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон Ҷумъа Қувват маҳфили муаррифии китоби тозанашри ӯ “Нахлистони тавҳид”-ро баргузор карданд.

Шоир Ҷумъа Қувват 13-уми июни соли 1950 дар деҳаи Дегаии ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) таваллуд шуда, баъди итмоми мактаби миёна соли 1971 факултети филологияи тоҷики ДДТ-ро хатм карда, ҳамчун мухбир ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқати Комсомолобод” (“Нури Нуробод”) фаъолият бурдааст. Вай соҳиби маҷмӯаи шеърҳои “Нони гандум”, “Орзу”, “Чодари сабза”, “Дидор”, “Сухан гоҳе бигирад ҷойи дору”, “Корзори сухан”, “Пеш аз субҳ”, “Ифтихор”, “Хӯшаи гесӯ”, “Ҳамсанги гавҳар”, “Ваҳдатистони Раштонзамин”, “Ваҳдатистон”, “Найсони ваҳдат”, “Абармарди набарди Ваҳдат” мебошад. Чунончи аз номи китобҳои охирини шоир бармеояд, ӯ эҷодиёташро дар солҳои охир пурра ба мавзӯи Ваҳдат бахшидааст. Барои асарҳои дар ин мавзӯъ навиштааш соҳиби медали тилои Кумитаи Сулҳ шудааст.

Иштирокчиёни маҳфили му­ар­ри­фи­и китоби «Нахлистони тавҳид» – ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, хонандагони фаъол ва китобдордорон санаи 23-юми январ нахуст бо намоиши китобӣ–матбуотии «Адиби ваҳдатсаро»  ошно гашта, вориди толори хониш шуданд. Директори Ки­тоб­хонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов дар сухани ифтитоҳӣ аз шеъри машҳури шоир –“Нони гандум” ва ба китоби дарсӣ дохил шудану аз тарафи мактаббачагон омӯхташавии он ёдовар шуда, шоир Ҷумъа Қувват ва китоби “Нахлистони тавҳид”-ро барои иштирокчиён муаррифӣ кард.

Намояндаи Ҷамъи­яти дӯстӣ ва равобити фар­ҳангии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо киш­вар­ҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов баробари муаррифии китоби «Нахлистони тавҳид» таъкид намуд, ки шоир Ҷумъа Қувват аз фаъолони ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. “Нахлистони тавҳид”-и ӯ бо дастгирии Раиси Раёсати ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар нашриёти Бухоро соли гузашта мунташир ва дастраси аҳолӣ гашт. Чеҳраи матраҳ ва тобони аксар шеърҳои китоби мазкур Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод аз ҳамнишиниву вохӯрӣ бо ҳамқаламон дар сояи чанори ҳазорсолаи Комсомолобод (Нуробод), сокинони меҳмоннавозу мардумдӯсти он лаҳзаҳои ҷолибро ба ёд оварда, зимнан дар мавриди фаъолияти эҷодӣ, ашъори ба мавзӯи Ваҳдат бахшидаи шоир Ҷумъа Қувват изҳори назар карда, аз он ки чунин маҳфил бо иштироки шоире аз водии Рашт дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳкимбахшии ваҳдату ягонагии миллӣ ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ бори нахуст доир мегардад, хеле хурсанд буданд. Онҳо ба шоир Ҷумъа Қувват чун рамзи дӯстиву бародарӣ китобҳои “Ҷовидона дар назарҳо”, “Тазкираи адибони вилояти Суғд”, “Девони Ниёзӣ”-ро ҳадя карданд. Нависанда Маъруф Бобоҷон бо дастгирии раиси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба нашр расидани китоби “Нахлистони тавҳид”-ро натиҷаи ташаббусҳои нек дар самти дастгирии аҳли қалам ва таблиғу ташвиқи сулҳу дӯстӣ донист.

Аз муҳтавои маърӯзаи докторанти Донишгоҳи дав­ла­ти­и Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуралӣ Нуров – «Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори Ҷумъа Қувват» рашван шуд, ки шоир аз оғоз ба мавзӯъҳои тарбиявиву ахлоқӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ рағбат дошта,  дар солҳои охир бо тақозои виҷдони адабӣ ба мавзӯи муҳим–тараннуми Ваҳдату ягонагӣ рӯ оварда, ба таълифи шеърҳои хуби ифодагари ин мавзӯъ тавфиқ ёфтааст. Шоир кӯшидааст, ки симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун чеҳраи марказии ашъораш ба тасвир дода, барои дар рӯҳияи фидокориву созандагӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон саҳми арзандаи худро гузорад.

Китобдорони китобхонаи вилоятӣ Умарова Машҳура, Норматова Зуҳро, Азизова Дилноза, Рустамова Гулбаҳор аз осори шоир шеърҳо хонданд.

Масъули ҶДФРТ бо кишварҳои хориҷӣ, рӯзноманигор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Мӯсоев фаъолияти пурсамари эҷодии муаллифи китоби “Нахлистони тавҳид”-ро дар доираи таҳкимбахшии сулҳу ваҳдати халқҳо фаъолияти намунавӣ эътироф кард.

Дар поёни маҳфил шоир Ҷумъа Қувват шеърҳои нави худро қироат карда, китоби “Нахлистони тавҳид”-ро бо соядаст ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ, иштирокчиёни маҳфили муаррифӣ туҳфа кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ