Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

18.05.2017. МАҲФИЛИ ШЕЪРХОНӢ ДАР МТМУ №12 ШАҲРИ ХУҶАНД

Санаи 18-уми майи соли 2017 бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, Убайд Раҷаб бо ташаббуси китобдорони  толори кӯдакону наврасон ва омӯзгорону хонандагони МТМУ№12 маҳфили шеърхонӣ бо ҷалби адибони шинохта Саидамин Ҷило, Ӯлмаси Хол, Маъруф Бобоҷон  баргузор  шуд.

Директори МТМУ №12 Бегматова Рафоат аҳли қаламро бо хонандагон шинос намуда, чанде аз асарҳои эҷодкардаашонро номбар карда, таъкид намуд, ки саҳми онҳо дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ зиёд аст.

Китобдор Собирова Дилрабо бо истифода аз слайд дар бораи зиндагӣ ва эҷодиёти Убайд Раҷаб барои хонандагон маълумот дода, ҳамзамон маҷмӯаҳои ашъори Убайд Раҷабро, аз он ҷумла  «Ҳадяи бобо», «Сарез», «Пайраҳа», «Нимарӯз», «Арчамайдон», «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» «Ману ҷӯраҳои ман», «Рози обшор», «Ҷони бобо» як-як муаррифӣ кард.

Даста-даста хонандагони синфи ибтидоӣ бо роҳбарии китобдор Ниёзова Дилрабо шеърҳои Убайд Раҷабро қироат намуданд. Хонандагон Каримов Ҷ. ва Раҳимова Ш. яке таблакнавозӣ карду дигаре ҳунари худро дар рақс нишон дод. Толибилмони синфи 3«е» таҳти роҳбарии муалима Қурбонова Н. гурӯҳӣ хор суруданд.

Баъди баромади хонандагони синфҳои 4  адибон фикру ақидаҳои худро дар мавриди шахсият, ҳунари эҷодии Убайд Раҷаб  иброз намуда, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ташвиқ доданд. Онҳо аз эҷодиёти худ ҳам барои хонандагон порчаҳо хонданд.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ