КИТОБДОРОНУ ХОНАНДАГОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 20.01.2018
Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022” масъулини Вазорати фарҳанг вазифадор шуданд, ки мушкилиҳои соҳаро бартараф созанд. Баланд бардоштани дараҷаи касбии китобдорони китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ва дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир роҳандозӣ кардани хизматрасонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб мебошад, ки аз оғози моҳи соли ҷорӣ аз тарафи масъулин пайгирӣ шуда истодааст. Бо роҳбаладии муаллими калони кафедраи ҷамъиятӣ-гуманитарии Филиали марказии ДДТИ ва БКСМ дар вилояти Суғд Арифова Бифотима ба Китобхонаи вилоятӣ ташриф овардани мудирони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят далели ин гуфта шуда метавонад.
Мудирони китобхонаҳоро сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Шомухадаминов Ноил ҳамроҳӣ карда, онҳоро бо фаъолияти шуъбаҳо шинос карда, бо саволҳояшон посух дод. Арифова Бифотима, ки худ аз соли 1969 то соли 1986 ҳамчун китобдори ин китобхона фаъолият бурдааст, дар рафти шиносоӣ ба мудирони китобхонаҳо таъкид мекард, ки ҳангоми хизматрасонӣ шарти муҳим хушмуомилагию хушзабонӣ, дақиқу дуруст дарк кардани талаботи хонанда ва зуд иҷро кардани он мебошад. Онҳо шуъбаҳои тиб, толори хониш, хизматрасонӣ, матбуоти даврӣ, феҳристҳо, электронӣ, техникӣ-кишоварзӣ аз назар гузаронида, бо китобдорон суҳбат карданд.
Ҳузури дастаҷамъонаи муаллимаи синфҳои ибтидоии МТМУ№29 Темирова Матлуба бо шогирдонаш хонандагони синфи 3“г” дар толори наврасон ва кӯдакон аз он дарак медод, ки дар муассисаи таълими мазкур дар рӯзҳои таътил ҳам байни омӯзгорон ва падару модарони хонандагон иртиботу ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Муаллима ва шогирдонашро сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо бо низоми фаъолият, тарзи хизматрасонӣ, махзани толор, шартҳои узвият ва истифодабарии китоб дар толор ва хона ошно кард. Хонандагон китобҳои гуногуни шеъру афсонаро гирифта, бо раҳнамоии китобдор ва муаллимаашон аз мундариҷаю мазмуни мухтасари онҳо огоҳ гаштанд.
Талабаҳои мактабии хусусии ба номи Пӯлодов бо роҳбарии ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия Иброҳимов Каримҷон ба китобхона ташриф оварданд. Ба онҳо директори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром дар шуъбаи толори хониш дар бораи сохтори Китобхонаи вилоятӣ, шуъбаву толор, шароиту усулҳои хизматрасонӣ, мақсад ва вазифаи китобдорон суҳбат кард. Идомаи роҳбаладии хонандагонро Шомухадаминов Ноил ба дӯш гирифта, онҳоро барои шиносонидан ба шуъбаҳои дигари Китобхонаи вилоятӣ раҳнамоӣ кард.
Ба Китобхонаи вилоятӣ талабагони синфи 8“в” бо роҳбарии омӯзгор Назирова Барно аз ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳузур оварда, баробари шиносоӣ бо шуъбаҳои хизматрасонӣ, электронӣ, феҳристҳо бештар ба фаъолияти толори наврасон ва кӯдакон мароқ зоҳир карданд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ