САЙРИ ХОНАНДАГОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ / 19.01.2018
Аз рӯйи мақоли мардуми Хитой “китоб боғест, ки бо худ ба ҳар ҷо бурдани он имкон дорад”. Аммо ин муҳим нест, муҳим он аст, ки инсон бо чунин “боғ” иртиботе дошта бошад, яъне “боғбон” − китобдӯсту китобхон бошад. Мардуми рус мегӯянд, ки “тилоро аз кон ва донишро аз китоб мегиранд”. Ин ҳам муҳим нест, муҳим он аст, ки ба китоб ва китобхона дастрасӣ дошта бошем, вагарна тило дар кону дониш дар китоб хоҳанд монд. Ҳамаи халқҳои олам мисли мо тоҷикон китобро азиз медоранду арҷ мегузоранд. Ибораҳои халқии “гапи китобӣ” ва “як китоб гап” ишора ба он доранд, ки фақат инсони китобдору китобхон соҳиби донишу ҳунари суханварӣ буда, дурусту муфид суҳбат ва ҳадафманд зиндагӣ карда метавонад.
Шоири лирики англис Уилям Вордсворт (1770-1850) мегӯяд, ки «китобхона ҷаҳонест зебо, ки одамонаш ғамхоранд ва дар байни онҳо мо хушбахт буда метавонем». Ин маъноро мо аз суҳбати гарму самимии муаллимаи забон ва адабиёти МТМУ№16 Раҳматова Мӯнисахон бо шогирдонаш, ки дар толорҳои Китобхонаи вилоятӣ сайр мекарданд, дарк кардем.
Муаллима бо мусоидати китобдорон дар шуъбаи толори хониш ба шогирдонаш−хонандагони синфи 6 “в” на фақат мутолиаи китобҳои бадеиро тавсия медод, балки тарзи истифодабарӣ аз китобҳои илмӣ, энсиклопедияҳоро низ фаҳмонда, дархости ҳар яки онҳоро ба китобдорон мерасонд. Китобдорон ҳам бо забони ширин дархости онҳоро иҷро карда, ёдовар мешуданд, ки китобҳои ин шуъба ба хона дода намешавад, зеро онҳоро фақат дар ҳамин толор мутолиа кардан мумкин аст.
Дар шуъбаи толори наврасон ва кӯдакон мактаббачаҳо бо китобҳои махзани кушода шинос шуда, бо муаллимаашон дар бораи мундариҷа, мазмун ва персонажҳои баъзе афсонаву қисса ва ҳикояҳо мубоҳиса карданд. Хонандагон, ки ба китобхона бори аввал дастаҷамъона бо роҳбарии омӯзгорашон омада буданд, худашонро дар дунёи ҷолиб медиданд.
Хурсандии толибаи хушзавқу соҳибтабъ Мақсудова Мавлуда, ки зимни суҳбат аз китобдорон китобҳои шеъри устод Фарзона ва Озарахшро пурсон шуд, ҳадду канор надошт. Вақте Мавлуда ва ҳамсинфонаш ба шуъбаи электронӣ гузаштанд, барои шинос шудан дар ихтиёри ӯ “Девони ишқ”-и Озарахш ва маҷмӯаи шеърҳои “Ҳама гул, ҳама тарона”-и Фарзонаро гузоштанд. Вай бо рағбат китобҳоро варақ мегардонд ва аз муаллимааш хоҳиш кард, ки барои ӯ яке аз ғазалҳои шоир Озарахшро нусхабардорӣ карда диҳанд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Хонандагони синфи 6”в” бо роҳбарии омӯзгор Раҳматова Мӯнисахон аз он ки соате аз рӯзҳои таътили зимистониро дар Китобхонаи вилоятӣ гузарониданд, аз худ ва китобдорон қаноатманд шуданд. Онҳо дар ин як соат имкони бо тамоми шуъбаҳои китобхона ошноӣ пайдо кардан надоштанд. Аммо ба қавли шоиру мунаққиди англис Чарлз Лэм (1775-1834) “лаззате хуштар аз сайри китобхонаи хуб нест, тамошои китобҳо ҳам хушбахтӣ аст”.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ