Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН – 85 СОЛ

Бино ба гуфтаи адиби машҳури фаронсавӣ Пол Клодел “китобхона гербарияи эҳсосу андешаҳост, зарфест, ки андар он намунаҳои олии тамаддун нигоҳдорӣ мешаванд”. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам аз шумори чунин тамаддунхонаҳост, ки на фақат бо тарҳу симои зебою замонавӣ, балки бо ганҷинаи дастхатҳою китобҳои чопи сангӣ, хазинаи китобҳои электронӣ ва дигар имкониятҳои муосири хизматрасонӣ аз соли 2012 инҷониб маъруфият пайдо кардааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки собиқан Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба шумор мерафт,  соли 1933 таъсис ёфтааст. 

Ба муносибати 85-солагии таъсисёбии он санаи 16-уми январ дар толори китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ суҳбат дар мавзӯи “Беҳтар зи китобхона ҷое набувад” бо ташаббуси китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ доир гашт. Бо истифода аз слайд барои донишҷӯёни шуъбаи китобдории Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз китобдори шуъбаи мазкур Норматова Зуҳро оид ба таъсисёбӣ, шуъбаҳою толорҳо, фаъолияти китобдорону китобшиносон ва ҳамкориҳои судмани маъмурияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо роҳбарияти Китобхонаи миллӣ маълумоти мухтасар дод.

Донишҷӯёни ғоибхон зимни саволу ҷавоб дарк карданд, ки: - Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 2012 баробари ба истифодадиҳии бинои нав ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон табдил дода шуд. Соли 2012 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон академик Носирҷон Салимӣ директори Китобхонаи миллӣ таъин шуда, дар самти эҳёи анъанаи китобдории миллӣ иқдомоту ташаббусҳои созанда аз худ нишон дод. Аз соли 2014 то моҳи августи соли 2017 ин масъулиятро доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода ба уҳда дошт. Ин вазифаро аз 15-уми августи соли 2017 доктори илми педагогика, профессор, Аълочии маорифи халқ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирализода Абдусалом Мустафо бар дӯш гирифта, дар рушди соҳа саъю талош варзида истодааст.

Дар бораи Китобхонаи миллӣ ва таърихи таъсисёбиву ташаккули он ба суроғаҳои электронии зерин муроҷиат шавад:

http://www.kmt.tj/content/таърихи-китобхонаи-миллӣ

http://tg.wikipedia.org/wiki/Китобхонаи_миллии_Тоҷикистон

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ