Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

МУАРРИФИИ КИТОБИ ПРОФЕССОР ТАВФИҚХОН ҚОДИРӢ / 16.01.2018

Таърихи ташаккули илми урологияи тоҷикДоктори илмҳои тиб, профессор Тавфиқхон Қодирӣ аз зумраи  табибони пажӯҳишгарест, ки осори илмиаш барои устодону донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо ва Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шифокорон китобҳои рӯймизианд.  Тавфиқхон Қодирӣ барои дастовардҳою хизматҳои арзанда дар соҳаи тиб ва илму таълим бо як қатор унвону нишон ва мукофотҳо, аз ҷумла Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Бунёди Оли  Сомон, мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои шоён дар рушди илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Бо ташаббуси шуъбаи китобҳои тибби Китобхонаи вилоятӣ санаи 16-уми январ муаррифии китоби “Таърихи ташаккул ва рушди илми урологияи тоҷик”-и Тавфиқхон Қодирӣ баргузор гашт, ки дар он рӯзномагирон, табибону олимон, омӯзгорону донишҷӯён ва китобдорон ширкат варзиданд.  Иштирокчиён баробари ворид шудан ба толори маҷлис бо китобҳои илмӣ, ҳуҷҷату дастовардҳои профессор, ки дар намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд. Маҳфили муаррифиро сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Шомухадаминов Ноил оғоз карда,  оид ба бобу фаслҳои китоби “Таърихи ташаккул ва рушди илми урологияи тоҷик” ва аҳамияти он мухтасаран маълумот дод.

Сармутахассиси соҳаи ҷарроҳии Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ӯрунов Баҳодур суханронӣ карда, профессорро ба муносибати нашри китоб табрик гуфта, барои саҳми арзанда дар рушди илми тиб ба ӯ Сипосномаи Раёсати тандурустии вилоятро супорид. Номбурда бо чунин Сипоснома  сардори шуъбаи китобҳои тиббии Китобхонаи вилоятӣ Раҷабова Марҳаборо низ барои иқдому ташаббусҳо дар самти ҳамкорӣ бо табибон, тарғиби китобҳои соҳа ва тарзи ҳаёти солим қадршиносӣ кард.
Директори шуъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ Мавлонова Зулайхо дар бораи китоб, шахсияти муаллиф ва ҷанбаҳои фаъолияти илмиву амалии ӯ суҳбат орост.
Мудири шуъбаи урологияи Беморхонаи вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов, Камолов Аъзамхон дар суханронии худ аз арзиши илмӣ, муҳтавои китоб, ба вижа аз аҳамияти энсиклопедии он ҳарф зада, аз ин ҷиҳат ба он баҳои баланд дод. 
Дар ин мавзӯъ  мудири шуъбаи Маркази экспертизаи тибби судии вилояти Суғд Абдураҳмон Ҷӯрабоев, табиб ва қомуснигор Баҳром Алӣ Аҳмадзода, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Ибодуллоев Исматулло, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон Қодирӣ Муҳаммадҷон, рӯзноманигор Қурбонова Зебо  ва дигарон гузоришу суҳбатҳо карданд.  

Оид ба фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии профессор Тавфиқхон Қодирӣ ба сарчашмаҳои зерин муроҷиат шавад:

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/social/1457-professor-odir-bemorii-prostatit-bedavo-nest

http://khatmedun.tj/index.php/news/79-2016-09-24-07-42-33

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ