Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

ТАРҒИБИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ /16.01.2018

Тоҷикон, чунонки аз таърих маълум аст, мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткоранд. Онҳо барои зиндагии хушбахтона талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд. Мақоли машҳури “Ба як мард чил ҳунар кам” ин гуфтаро тасдиқ мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи чунин вижагии миллӣ ва рушди он роҳу усулҳои амалисозии тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи дилхоҳ роҳандозӣ месозад.

Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари эълон кардани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба беҳтаргардонии фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ, ҳарчи бештар ҷалб кардани аҳли ҷомеа ба ин муассисаҳо ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди фарҳанги миллиро дастур дод. Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастури Президенти кишвар  бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши дастранҷи косибону ҳунармандон аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд. Чунин имтиёзот барои мардум имконият фароҳам меоварад, ки бештар маҳсулоти дастӣ ва табиӣ омода сохта, ба фурӯш бароваранд ва фарҳанги миллиямонро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоянд. 

Китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ барои ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳамияти дастури дурбинонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои гуногуни банақшагирифтаашонро доир карда истодаанд. Баробари ба истифодабарандагон пешкаш кардани гӯшаи тарғиботиву ташвиқотӣ китобдорон, дар шуъбаҳои санъат ва забонҳои хориҷӣ намоишҳои китобӣ бо номҳои “Ҳунарҳои миллӣ−ёдгори ҷовидони таърих” ва “Tajikistan is the land of tourism” ташкил карданд, ки ҳамарӯза аз тарафи хонандагон марвиди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  Варақгардонии як китоб тамошогари намоиши китобиро ба сӯйи маълумоти дигар мекашад ва ин рабоиш ангезаи мутолиаи пурраи китоб ва огоҳии комилро нисбат ба мавзӯъ дар дили ӯ бедор месозад.

Китобҳои зери сарлавҳаи «Ҳунарҳои миллӣ − ёдгори ҷовидони таърих» ба намоишгузошта инҳоянд:

  • Алла [Матн]:  маҷмӯаи сурудҳо / Хуҷанд: Ношир, 2013.− 80 с.
  • Альбом по отделке зданий [Фотоальбом] / Ленинград: 1946.− 50 с.
  • Дадобоева М. Н. Наққошӣ  ва  кундалкорӣ [Матн]: Дастури таълимӣ, / М. Н. Дадобоева.− Хуҷанд: Нури маърифат, 2014.− 36 с.
  • Маҳмудова М. Эҳёи ҳунарҳои миллӣ [Матн] / М. Маҳмудова.–Хуҷанд, 2016.− 34 с.
  • Мӯҳрадӯзӣ [Матн]: Дастури таълимӣ / Таҳияи Ҳ. А. Ҷалилова., М. Н. Дадобоева.− Хуҷанд: Меъроҷ, 2014.− 40 с.
  • Маҳмудова М. Дастони  моҳир [Матн] / М. Маҳмудова.− Хуҷанд: 2017.− 24 с.
  • Муродов М. Р. Устодони санъати амалӣ-халқӣ [Матн]: мактаби «Устод-шогирд» / М. Р.  Муродов.− Душанбе: 2005.− 30 с.
  • Нақшу нигори бофандагӣ ва кашидадӯзии водии Зарафшони Тоҷикистон [Матн] / Душанбе: 2015.− 111 с.
  • Низом Нурҷонов. Гулдӯзии тоҷикӣ [Матн] / Нурҷонов Низом. – Москва: Искусство, 1979.− 126 с.
  • Низомов Хуршед.  Созҳои мусиқии тоҷик ва ҳунари созтарошӣ [Матн] / Хуршед Низомов.− Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии  тоҷик, 2012.− 120 с.          
  • Рӯзиев М. Усто Мирзораҳмат Олимов [Матн] / М. Рӯзиев. – Душанбе: Ирфон, 1973.− 27 с.
  • Санъати мардумии Тоҷикистон [Матн]: Хунарҳои анъанавӣ / Душанбе, 2011.− 317 с.
  • Таджикские сувениры [Фотоальбом] / Москва, 1987.− 56 с.
  • Терентьева К. Таджикская народная вышивка [Текст] / К. Терентьева. – Душанбе: Ирфон, 1987.− 10 с.
  • Хижняк, Ю. Н. Нақшу нигори тоҷик [Текст] / Ю. Н. Хижняк.−Душанбе: Маориф, 1983. - 48 с.
  • Хуршедаи Содиқ. Сеҳри  сӯзаниҳои Зулфия [Матн] /Содиқ  Хуршеда.− Хуҷанд: Ношир, 2007.− 240 с.
  • Чвырь Л. А. Таджикские ювелирные украшения [Текст]: материалы к историко-культурному районированию Таджикистана / Л. А. Чвырь.− Москва: Наука, 1977.− 134 с.

   Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ