Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ–РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ОБОД / 12.01.2018

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Уғулой УмаралиеваПаёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳидоятномаест, ки ҳамасола бо мақсади таҳлили самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Санаи 22-юми декабри соли 2017 кулли сокинони мамлакат бо Паёми Пешвои миллат аз тариқи расонаҳои хабарӣ мутталеъ гардида, ҳамарӯза талош доранд, ки барои татбиқи ҳамаҷонибаи он нақши хешро бигзоранд.

Садорат ва ҷомеаи меҳнатии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ рӯзи 29-уми декабри соли 2017 перомуни Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамоиш доир карда, рӯҳбаландиву омодагии худро ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру раҳнамоиҳои дар ин санадомада баён намуданд.

Шоистаи таъкид аст, ки ҳамарӯза дар корхонаву муассисаҳо, ниҳодҳои марбут ба маориф, фарҳанг, иҷтимоиёт, тандурустӣ, саноат, истеҳсолот бо ширкату суханронии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, хизматчиёни давлатӣ, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ ва фаъолон суҳбату вохӯриҳо барои ташреҳи мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром МирсаидовАз ҷумла, санаи 12-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки яке аз фаъолони ҳизби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Ўғулой Умаралиева дар ин мавзӯъ машварат доир гашт. Номбурда муҳтавои асосии Паёмро муфассал арзёбӣ карда, оид ба ҳар як ҷанбаи он сухан гуфт.

Ҳамзамон, дар оғоз ва поёни машварат директори китобхона Баҳром Мирсаидов муҳимтарин нуктаҳои Паёмро таҳлил карда, ёдовар шуд, ки китобдорон баробари хизматрасонии китобию иттилоотӣ ҳамеша ҷиҳати тарғибу ташвиқи амру фармонҳо, маърӯзаю гузоришот, китобу рисолаҳо ва фармудаҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат нақши муассир мегузоранд.

РАЁСАТИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ