Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

Дарҳои китобхона ҳамарӯза боз аст / 09.01.2018

(боздиди хонандагон аз Китобхонаи вилоятӣ)

Ба китобу китобхонӣ ва китобхонаҳо ҷалб кардани насли наврасу ҷавон на фақат вазифаи муаллимону устодон аст, балки вазифаи ҳамагонии ҷомеа аст. Мо бояд якҷоя дар ин самт фаъолтият бурда, барои рушди маънавӣ, вусъатбахшии ҷаҳонбинии фарзандонамон талош варзем. Бо он ки дари китобхонаҳоямон ҳама вақт ба рӯи истифодабарандагон боз асту  ба онҳо дар заминаи имкониятҳои мавҷуда дар сатҳи матлуб хизмат расонида мешавад, “ҳодиса”-и бо волидон ба китобхона омадани фарзандон камтар мушоҳида мешавад.

Аммо баробари шуруъ шудани таътили зимистонӣ баъзе аз падару модарон бо фарзандон ба шуъбаҳои гуногуни хизматрасонии китобхона хеле саросема муроҷиат карда, барои мутолиа дар хона китоб гирифтанӣ мешаванд. Вақте аз китобдорон мефаҳманд, ки китобҳои дархосткардаашон дар дасти хонандаҳо асту онҳо фақат дар толори хониш имкони мутолиаи онро доранд, лаҳзае таассуф мехӯранду саросема аз китобхона баромада мераванд. Муомилаи хушу раҳнамоии китобдорон шитобзадагии онҳоро коҳиш дода наметавонад...  Хушбахтона, дар ҷомеа муаллим ҳаст ва ӯст, ки ин ҷаҳони маънавии моро бо офтоби маърифат равшан медорад. Яке аз чунин равшангарон муаллимаи фанни забон ва адабиёти руси МТМУ № 22 шаҳри Хуҷанд Юнусова Матлуба мебошад, ки ҳамчун роҳбари синфи 9б хонандагони хуберо ҳамроҳ барои бо Китобхонаи вилоятӣ ошно кардан овардааст. Юнусова Матлуба дар суҳбат бо китобдорон гуфт, ки хонандагонаш аъзои китобхонаи мактабӣ буда, ҳанӯз узви шуъбаҳои Китобхонаи вилоятӣ нашудаанду аммо мехоҳанд баъди шиносоӣ аз махзани китобии он истифода баранд.

Устод ва шогирдонаш бо роҳбаладии сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳошимова Мунаввара бо шуъбаҳои феҳраст, электронӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, санъат ва махзани китобӣ, тарзи хизматрасонӣ, китобдорон шинос  шуданд.

Чунин ҳузури дастаҷамъонаи хонандагону омӯзгорон ва фарзандону волидон набояд мавсимӣ бошад. Зеро рӯҳу мағзи инсон мисли ҷисми ӯ ниёз ба ғизо дораду агар он ғизо дастрас нашавад, ҷанбаи малакии инсон фурӯтар аз ҷанбаи ҳайвонӣ мегардад, ки ин барои одами хуб хуб нест.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ